Мансабдоронро ҷарима кардан душвор аст

 

Дар ним соли гузашта алайҳи даҳ мансабдори тоҷик барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.

Ин хабарро Фаррухулло Олимов – сардори раёсати танзими анъанаи Кумитаи дин – 12 июл дар ихтиёри расонаҳо гузошт, аммо аз гуфтани ному насаби ин афрод худдорӣ варзид. Ӯ гуфт, «баъд аз муайян кардани қонуншикании мансабдорҳо ба ҷои корашон мактуб ирсол карда, тамоми чораҳо андешида хоҳад шуд.» Вай бештар аз он нигаронӣ кард, ки мансабдорон иҷозатномаи маъракаҳои худро ба номи дигарон гирифта, ҳамин тариқ, худро аз ҳамагуна ҷавобгарӣ халос мекунанд. «Барои ҳамин, бевосита худи мансабдоронро барои нақзи қонуни танзим ҷарима бастан хеле мушкил аст,» — хулоса кард ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *