Мануэл Микаллер

Мануэл Микаллер: Се муъҷизае, ки дили маро ба Тоҷикистон гарм кард (видео)

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер суҳбатеро анҷом дод, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.

Аз кумакҳои бебозгашт то дипломатияи фарҳангӣ

— Амрико яке аввалин кишварҳоест, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф намудааст. Имрӯз шумо вазъи кунунии равобити ИМА ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Барои таҳкими робитаҳо кадом стратегияҳо роҳандозӣ шудаанд ё пешниҳод мекунед?

— Муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз се даҳсола аст, ки идома дорад. Шарикии мо субот дар минтақа, соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва беҳбуди вазъи зиндагии шаҳрвандонро таъмин мекунад. Воқеан ҳам, ман мефахрам, ки ИМА яке аз аввалинҳо шуда, истиқлоли Тоҷикистонро эътироф намуд. Дар тӯли таърихи равобити ИМА бо Тоҷикистон, мақсаду амалҳои мо ҳамеша шаффоф, мураттаб ва амиқ ҳастанд. Ин бевосита дастгирии соҳибихтиёрӣ ва мустақилият мебошад. Мақсади мо дар ҳамбастагӣ кор бо шарикони тоҷик барои ҳифзи ягонагии марзӣ ва рушди кишвар аст, то ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад.

Дар марҳилаи ҳамкорӣ ҷониби Амрико ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард доллар кумаки грантӣ пешиҳод кард. Ин маблағ ба соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла амният, мудофиа, маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди тиҷорат, барномаҳои мубодилавӣ ва дигар самтҳои муҳим равона шудааст.

Ҷаноби Сафир, шумо ишора ба амният ва суботи минтақавӣ кардед. Чӣ гуна Амрико метавонад ба Тоҷикистон дар рафъи чолишҳо фаъолона кумак кунад?

— Мо дар таъмини суботи минтақа шарикиро бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини амният ва рафъи таҳдидҳои беруна хуб ба роҳ мондаем. Мо солҳои зиёд аст, ки барои пурқувват намудани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамкорӣ дорем. Баҳри пешгирии хатарҳое, ки ҳамаи мо бо он рӯ ба рӯ шудаем, ба монанди терроризм ва ифротгароии хушунатомез, таҳдидҳои дигар аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва алалхусус нашъаҷаллобон мубориза мебарем. Вале мо ин мушкилотро ҳамчун мушкилоти минтақавӣ баррасӣ мекунем. Бо эътирофи он, ки вокунишҳои дарозмуддати устувор албатта бояд дигар кишварҳои минтақаро низ дар бар гиранд.

Дар чорчӯбаи пружаи С5+1 мо бо Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя бобати пешгирии ҳамин таҳдидҳо ҳамкорӣ мекунем. Инчунин, бобати арзёбии ҳолатҳое, ки ба пайдошавии ифротгароии хушунатомез меоварад. Ин ба таври мушаххас ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа аст. Ин энергетика, интиқоли об ва тартиби савдои байнисарҳадиро дар бар мегирад.

Дӯстони тоҷики ман ҳамеша мегӯянд, ки об ҳаёт аст. Воқеан, дуруст аст. Об ба масоили солимӣ ва инкишофи кӯдакон таъсир мерасонад. Об имрӯз масъалаи иқтисодӣ низ ҳаст. Боиси хурсандӣ буд, ки ҳангоми сафар ба қисми шимоли Тоҷикистон мисоли хуби ҳамкориро байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Амрико дар самти лоиҳаи байнисарҳадии ирригатсионӣ дидам, ки барои таъмини об ба хоҷагидорони Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ шуда истодааст.

Масъалаи дигар дар ҳошияи ташаббуси С5+1 аст. Бисёр хушнудам, ки соли гузашта дар ҳошияи ин ташаббус мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амрико Ҷо Байден дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд. Дар рафти мулоқоти ҷонибҳо масоили гуногун, таъмини амният ва суботи минтақа баррасӣ гардид. Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳое, ки ҳамчун хатари глобалӣ барои ҳамаи моянд, ишора кард. Президенти Амрико низ ба ин пешниҳоди Тоҷикистон ҳамфикр аст. Ман барои ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он баҳри рафъи хавфҳои вобаста ба тағйироти иқлим тайёрам.

— Табодули санъату фарҳанг, муносибати ҷомеа дар ташаккули дипломатия нақши муҳим мебозанд. Аҳамияти инро дар таҳкими равобити дипломатӣ байни Амрико ва Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Албатта, ин муҳим аст. Зеро ҳамаи масъалаҳое, ки мо баррасӣ менамоем, иртибот ба фарҳанг ва муносиботи дуҷониба мегиранд. Ман ҳамеша аз шаҳрвандони Амрико даъват менамоям, ки Тоҷикистонро аз наздик бинанд. Бо фарҳанг, таърих, маданияти ин кишвар ошно шаванд. Аслан, рафтуомад бояд дуҷониба бошад. Яъне, тоҷикон низ тавонанд аз фарҳанг ва имконоти кишвари ман бархӯрдор гарданд. Дар ин росто, мо ба соҳаи маориф ва барномаҳои мубодилавии омӯзишӣ таваҷҷуҳ ва имкони зиёд додаем.

— Оё оморе доред, ки чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути барномаҳои омӯзишии Сафорат ба Амрико рафтаанд?

— Беш аз 7500 шаҳрванди Тоҷикистон тавонистанд тавассути барномаҳои омӯзишӣ ба ИМА сафар карда, дар онҷо таҳсил кунанд. Ин барномаҳоро Амрико маблағгузорӣ мекунад. Ин толибилмон дар тӯли таърихи ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон тавонистанд аз имконоти мавҷуда баҳра бардоранд.

Мо барномаҳои мухталиф дорем. Шуруъ аз барномаи Фулбрайт то ба барномаи Флекс ва инчунин барномаҳои марказҳои амрикоӣ, ки дар шаҳри Душанбе ва берун аз он амал мекунанд. Кормандони Сафорат зиёд заҳмат кашида истодаанд, то таҷриба ва санъати Амрикоро низ ба Тоҷикистон оваранд. Барои мисол, мо ансаблҳои мусиқавиро ба Тоҷикистон даъват кардем, то дар фестивали этно-ҷаз ширкат варзанд.

Мақсад аз ин талошҳо натанҳо фароҳам овардани мубодилаи фарҳангӣ, балки бештар ошно шудан бо анъанаҳои муштараки ду кишвар аст.

Сирри ҷалби сармоягузорони Амрико ва ғалабаи дастаи Оугвей комикси Хуҷанд

— Ҷаноби Сафир, дар робита ба илм ва инноватсия назари шуморо донистан мехоҳам. Амрико дар ин самт барои Тоҷикистон кадом корҳоро анҷом додааст? Шумо кадом башхи муассирро барои ҳамкорӣ ва пешрафт байни Амрико ва Тоҷикистон пешниҳод доред?

— Аз рӯйи дидгоҳи ман, афзалияти калидӣ — ин маориф мебошад. Ба ғайр аз дастгирие, ки мо бевосита ба бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон пешниҳод мекунем, инчунин мехостам оид ба баъзе барномаҳои аз тарафи марказҳои амрикоӣ татбиқшаванда сухан гӯям. Дар илова ба курсҳои омӯзишии забони англисӣ ва барпо намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ман шоҳиди он будам, ки дар марказҳои амрикоии мо дар Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд бениҳоят корҳои назаррас аз тарафи ҷавонони маҳаллӣ ва алалхусус духтарон ба анҷом расонида шудааст. Дидам, ки наврасон оид ба кодгузории (Coding) компютерҳо, робототехника ва ихтироот хеле фаъол буданд. Ҳамаи ин ташаббусҳо тавассути барномаи STEM (илм, технология, инженерия ва математика) татбиқ шуда истодаанд. Як мисоли мушаххасро мехостам ба самъи шумо расонам ва бори дигар дастаи Оугвей комиксро аз Хуҷанд табрик гӯям, ки яке аз 10 ғолибони глобалие буданд, ки дар озмуни Наса Спейс Эпс Челендж (NASA Space Apps Challenge) бар муқобили 120 даста рақобат карданд. Он аз тарафи NASA (Агентии миллии Амрико оид ба ҳавонавардӣ) ташкил шуда буд. Бисёр мефахрам, ки бо ҷавонони инҷо вохӯрдам. Ман худамро дар синну соли ин наврасон ба ёд меорам. Ин чизе ҳаст, ки ба ман умеди бузургро барои ояндаи кишвари шумо мебахшад.

Инчунин, мо барномаи GoViral дорем, ки дар самти технологияҳои пешрафта лоиҳаҳоро татбиқ менамояд. GoViral олимони ҷавонро бо соҳибкорони соҳаи HiTech, яъне технологияҳои пешрафта ба ҳам меоварад. Инчунин, доираҳои муҳандисону олимонро бо ҳам мепайвандад, то он ки онҳо технологияҳои навро ихтироъ намоянд. Бояд қайд кард, ки ин барномаҳо дар ҳамаи 8 марказҳои амрикоӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд. Инчунин, барои рӯзноманигорон курсҳои махсуси омӯзиши забони англисиро ба роҳ мондем, ки чандин сол инҷониб идома дорад.

— Дар заминаи равобити иқтисодӣ, махсусан таваҷҷуҳ ба сармоягузории хориҷӣ, шумо барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон кадом афзалиятҳо ва стратегияҳоро пешниҳод мекунед?

— Вақте ки мо бо ҷониби Тоҷикистон вомехӯрем, онҳо пайваста бобати зарурияти ҷалби зиёдтари сармоягузорони Амрико сухан мекунанд. Мақсади ман ҳам чунин аст. Зиёд мехоҳам, ки маҳсулот ва хизматрасонии амрикоӣ дар Тоҷикистон бошад. Сайёҳон ва мардуми Амрико ба кишвари шумо оянд. Маҳсулоти амрикоӣ зиёд барои мардуми Тоҷикистон дастрас бошад.

Албатта, савол ба миён меояд, ки чиро мо, яъне ҳарду давлат дар якҷоягӣ бояд ба анҷом расонем барои ҷалби ин гуна сармоягузорӣ?

Чизе, ки ба он сармоягузорони амрикоӣ аҳамият медиҳанд, албатта айнан ҳамон масоилест, ки мавриди таваҷҷуҳи дигар сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Онҳо мехоҳанд муҳити соҳибкории муназзамро бубинанд, қонунгузории пешгӯишаванда, муносибати одилона ва шаффоф, ба истилоҳ қоидаҳои возеҳу равшани роҳ. Яъне, агар ҳамаи ҳамин қадамҳоро якҷоя монда, мо агар ба талабот ҷавобгӯй шавем, на танҳо метавонем сармоягузорони Амрико, балки дигарҳоро низ, аз ҷумла сармоягузорони Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёро ҷалб кунем. Ин манфиати муштараки мо мебошад.

— Ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон чӣ назар доред?

— Ман ҳамеша дар вақти вохӯриҳо ба намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамкасбони худ мегӯям, ки вақте онҳо дар ҷустуҷӯйи сармоягузории бештар аз Амрико ҳастанд, бояд бо сармоягузорони амрикоии аллакай дар инҷо фаъолиятдошта муносибати одилона дошта бошанд. Зеро онҳо беҳтарин таблиғотчиён баҳри ҷалби сармояи иловагӣ аз ИМА мебошанд. Ин аст сирри ҷалби сармоягузорони Амрико.

Тоҷикистон иқтидори бузург дорад. Шуруъ аз табиати зебо, ки метавонад баҳри ҷалби сайёҳон муфид бошад ва то ба захираҳои бузурги табиӣ, ки иқтисодиёти ҷаҳонии ояндаро таъмин мекунанд. Инчунин захираи инсонӣ, талоши ҷавонони тоҷик, ки аз донишҳои замонавӣ бархӯрдоранд. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон хушбин ҳастам. Аммо бояд бо ҳам хубтар кор кунем, то аз ҳамон қадамҳои зарурӣ гузашта, фазои сармоягузориро тавассути такмили қонунгузорӣ, имтиёзҳову дигар муқаррарот беҳтар намоем.

Се муъҷизаи Тоҷикистон аз нигоҳи сафири Амрико

— Шумо ба чандин минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Бадахшон сафар доштед. Чӣ таассурот бардоштед?

— Ҳангоми фаъолият дар Тоҷикистон, ҳадафи ман сафар ба тамоми минтақаҳои ин кишвари аҷоибу зебо мебошад. Бояд қайд кунам, ки дар Тоҷикистон се чиз маро бениҳоят мафтун кард.

Якум, табиати зебою нотакрор. Табиати инҷо хеле зиёд ба ёдам манзараҳои ватанамро меорад. Ман аз Калифорнияи шимолӣ ҳастам. Ҳаёти кишоварзӣ, кӯҳҳо ва иқлими мо хеле ба Тоҷикистон монанд аст.

Дуюм, дараҷаи баланди меҳмоннавозии тоҷикон. Бароям хеле писанд омад: чеҳраи кушод, хӯрокҳои болаззат… Дар ҳақиқат худро дар Тоҷикистон ҳамчун дар хонаи худ, дар Калифорния ҳис мекунам. Пазироии гарме, ки тоҷикон ҳамеша ба ману оилаам мекунанд, хеле хушҳол мешавем.

Сеюм, гуногуншаклии санъату фарҳанги ин кишвар. Зеро ин яке аз ҷанбаҳое мебошад, ки кишварҳоямонро хеле ба ҳам монанд нишон медиҳад. Мо неру ва боигариро дар ана ҳамин рангорангӣ ё гуногуншаклӣ мебинем. Ин анъанаҳои ғании фарҳангӣ, таърихи пуршараф ва қадимаи халқи тоҷик шуруъ аз адабиёт то ба санъату фарҳанг ва либосҳои миллиро дар бар мегирад. Ин бевосита чизҳое мебошанд, ки ҳар вақте ба минтақаҳои Тоҷикистон сафар кардам, дидаму хеле писандам омаданд.

Як рӯзи Сафир

— Мегӯянд, ки барои инсон пурқимматтарин чиз вақт аст. Шумо онро чӣ тавр истифода мекунед? Як рӯзи шумо чӣ хел мегузарад?

— Ман вобаста ба рӯзи ҳафта соати 4 ё 6-и субҳ аз хоб мехезам. Рӯзҳое, ки соати 4 аз хоб мехезам, 1 соатро ба варзиши бадан мебахшам, то худро дар ҳолати хуби ҷисмонӣ ва саломатӣ нигоҳ дорам. Баъдан, тайёрӣ барои вохӯрӣ ва ҷаласаҳои ба нақша гирифташуда мебинам. Пеш аз хона берун баромадан, ба нигоҳубини 2 саги худ низ машғул мешавам. Ғизо медиҳам, каме ба сайругашт мебарорам. Пас аз он ба сафорат меоям ва ба корҳои дохили идоравӣ, омодагӣ ба вохӯриҳои гуногуни сатҳи давлатӣ, дипломатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ машғул мешавам. Ҳар вақте ба хона баргардам, ҳаракат мекунам боз ҳам ба нигоҳубини сагҳоям машғул бошам. Боз тамрини сабуки бадан, истеъмоли ғизои дуруст, мутолиаи китобу дар вақти муайян истироҳат мекунам.

— Чӣ хоббӣ доред?

— Нигоҳубини ҳайвонҳои хонагӣ. Махсусан, парвариши сагҳоро зиёд дӯст медорам. Аммо ин чунин маъно надорад, ки ҳар рӯзи ман ба таври муқаррарӣ мегузарад.

Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода

Маълумотнома

Мануэл Микаллер, дорандаи рутбаи вазир — мушовир, 22-юми июни соли 2022 ба вазифаи сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда, аз ҷониби Сенати ИМА 13-уми декабри соли 2022 тасдиқ карда шуд. Ӯ 23-юми феврали соли 2023 вориди Тоҷикистон шудааст.

Мануэл Микаллер аз соли 2019 то 2022 ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии Сафорати ИМА дар шаҳри Катмандуи Непал кор кардааст. Аз соли 2016 то соли 2019 муовини роҳбари намояндагии Сафорати ИМА дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон буд. Қаблан ӯ муовини директори Дафтар оид ба масоили Ҳиндустон дар Бюрои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (SCA) буд. Баъд аз он ба ҳайси мудири шуъбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари намояндагӣ дар шаҳри Душанбе, ба ҳайси корманди калон оид ба масоили иқтисодӣ дар Идораи минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (SCA) ва муовини сардори шуъбаи иқтисод дар шаҳри Работи Марокаш кор мекард. Ӯ дар Маркази амалиёти Департаменти давлатӣ ва Котиботи иҷроия дар шаҳри Маскави Русия ва шаҳри Ашқободи Туркманистон низ кор кардааст. Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *