Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ дар Қатар

Ҳамкории мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ва Қатар 17 феврал дар Давҳа зимни мулоқоти Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии давлати Қатар Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни мулоқот инчунин тақвияти ҳамкории дуҷониба оид ба татбиқи амалии шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, ки соли 2023 ба имзо расида буданд, баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳо дар муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ муҳокима шуда, муттаҳидии ҷонибҳо ва дастҷамъона мубориза бурдан алайҳи ин вабои аср муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории байниидоравӣ ва дар заминаи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки баҳри баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони якдигар ва рушди инфрасохторӣ дар истифодаи технологияҳои навини рақамию зеҳни сунъӣ дар фаъолияти прокуратураҳо ҳамкорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *