Дар Суғд спартакиадаи ҳарбӣ — варзишӣ идома дорад

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии вилоят бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун ташкил гардида истодааст.

Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Спартакиадаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» доир шуда, ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Спартакиадаи ҳарбӣ — варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, футболи хурд, самбои размӣ, сангбардорӣ, бандкашӣ ва гузаштани монеаҳо гузаронида шуда, дар он сарбозону сержантони ҷузъу томҳои гарнизони Суғд иштирок менамоянд.

Спартакиадаи ҳарбӣ — варзишӣ 16 феврал оғоз ёфта, то 22 феврал идома меёбад.

Андар Раҳмонӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *