Ҳақиқати талхи макотиби олӣ. Ҳамасола 2657 фориғтаҳсил бо ихтисоси ҳуқуқшинос куҷо раванд?

Дилшод, сокини шаҳри Панҷакент аст. Вай 24 сол дорад. Ӯ аз хурдӣ орзуи ҳуқуқшинос шуданро дар дил дошт. Ҳамеша мехост дар оянда худро ҳамчун ҳуқуқшиноси муваффақ бинад ва ба халқу ватанаш хизмат намояд.

 Барои амалӣ кардани орзуҳои хеш соли 2014 тавассути Маркази миллии тестӣ имтиҳон супурд ва тариқи шартномавӣ шомили факултаи ҳуқуқшиносӣ гардид. Барои таҳсил дар ин факултаи бонуфуз ҳар сол 10 780 сомонӣ маблағи шартномаи донишгоҳро месупурд. Умед дошт, ки баъди хатми ин факулта аз рӯйи ихтисоси интихобкардааш кор мекунад. Дар панҷ соли таҳсил ба донишгоҳ 53 900 сомонӣ маблағи шартномаи донишгоҳро супурд. Вале имрӯз аз рӯйи ихтисос кор намекунад. “Умед доштам, ки баъд аз гирифтани дипломи ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисосам дар ягон ширкати хусусӣ ё вазорату идораҳои давлатӣ кор мекунам. Вале умеду орзуҳоям барбод рафтанд. Ҳоло бошад, дар як корхонае кор мекунам, ва 800 сомонӣ маош мегирам ва иловатан аз рӯйи ихтисоси хондаам нест”.           

Дилшод мегӯяд, ки ҷойи кораш хубу ба дилаш набошад ҳам, маҷбур аст, ки кор кунад, зеро падараш бо пардохти маблағи шарномаи ӯ ҳамзамон умеди зиёд дошту дорад, ки рӯзе дар айёми пирӣ дастгиру кумакрасонаш мегардад. Ба гуфти қаҳрамони мо дар панҷ соли таҳсили донишгоҳ ба ғайр аз маблағи шартнома, иҷорапулӣ, хӯрду хӯрок ва сару либос зиёда аз  80 000 сомонӣ маблағ сарф кардааст, вале бо маоши 800 сомонӣ ӯ бояд 100 моҳ ё худ 8 солу 3 моҳ кор кунад ва дар ин муддат танҳо ҳамон 80 000 ҳазор сомонии маблағи шартномаро пайдо созад. Куҷо монад аз фоидаву кӯмакрасонӣ ба аҳли оила. Мисли қаҳрамони имрӯзаи мо Дилшод даҳҳо донишҷӯён ҳамасола факултаи ҳуқуқшиносиро хатм мекунанд, вале имкони ҷойи кор пайдо карданро надоранд.

Суоле, ки посух надорад

Тайи 8 — соли охир довталабони мактабҳои олӣ баъд аз хатми мактаби миёна дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони қабул месупоранд. Имсол ҳам шурӯъ аз якуми июли соли равон монанди 7 — соли пеш  имтиҳони қабул шурӯъ гардид. Довталабони мактабҳои олӣ тибқи 5 кластер имтиҳон супурданд:   

1) табиӣ ва техникӣ;

2) иқтисод ва география;

3) филология, педагогика ва санъат;

4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ;

5) тиб, биология ва варзиш.

Миёни кластерҳои зикршуда довталабони макотиби олӣ зиёдтар кластери чорумро, ки ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ аст, интихоб мекунанд. Вале, бо вуҷуди таблиғот ва тавсияи масъулин, шумораи довталабони ихтисосҳои кластерҳои 1-ум ва 2-ум кам мебошанд. Ин далели он аст, ки дар кишвари мо довталабон ба равияи табиӣ ва техникӣ таваҷҷуҳи кам  доранд. Ба назар менамояд, ки ҳама довталабон мехоҳанд дар оянда  ҳуқуқшинос ва ё дипломат бошанд.

Кадрҳои ҳуқуқшиносӣ асосан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара,  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тайёр карда мешаванд. Дар ин донишгоҳҳо мувофиқи нақшаи қабул аз 50 – 80 нафар бо ихтисоси ҳуқуқшинос қабул карда мешаванд. Рейтинги имсолаи ММТ нишон медиҳад, ки дар рӯйхати 10 комбинатсияи ихтисосҳои серинтихоб дар имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ – 2021 (дар ҳолати то 31.03.2021) довталабон ихтисосҳоеро бештар интихоб кардаанд, ки ба гурӯҳи ихтисосҳо 3, 4 ва 5 дохил мешаванд.

Ба ин рӯйхат ихтисосҳои идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (ДМТ), кори бонкӣ (ДМТ), кори тиббӣ – биологӣ (ДДХ), санҷиши судӣ (ДМТ), андоз ва андозбандӣ (ДМТ), аудит ва ревизия (ДМТ), педиатрия (ДДТТ), забонҳои муосири хориҷӣ (забони англисӣ – тарҷумон) (ДМТ), кори тиббию ташхисӣ (Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ВТҶТ) ва танзими ҳуқуқи молия ва қарз (ДМТ) дохил мешаванд, ки бештарин ин ихтисосҳо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рабт доранд.      Пас саволе дар зеҳн пайдо мегардад: “Модоме ки ҷойи корӣ нест,  чаро довталабон ҳуқуқшинос шудан мехоҳанд?

Касбе, ки маош надораду пул дорад?

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 224 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Аз ин ҷумла 2657 нафар бо ихтисоси ҳуқуқшинос. Пас, агар ҳамаи онҳо донишгоҳҳоро хатм кунанд, бояд ба 224 000 фориғтаҳсил ҷои кор омода созем. Агар сатҳи дониши онҳоро ба эътибор нагирем, ба истилоҳ онҳо кадрҳои баландихтисосанд. Ҳарчанд, маъзарат мехоҳам, қисме аз ин фориғтаҳсилон мустақилона тарҷумаи ҳоли худро навиштан наметавонанд ва агар нависанд ҳам, хат ғалат, имло ғалат,иншо ғалат. Аслан, беш аз 70% -и ин кадрҳо дар бахши шартномавӣ таҳсил мекунанд. Донишгоҳҳо пули онҳоро мегиранд, аммо дониш намедиҳанд. Бармеояд, ки пули онҳо лозим, аммо худашон ба касе лозим нестанд, ки бо кор таъмин намекунанд. Хуллас, ба армияи бекорон ҳамасола 224 000 дипломдорон ҳамроҳ мешаванд.

Пас бармегардем сари мавзӯи интихоби ҳуқуқшинос. Мо бо чанд нафар аз довталабоне, ки орзуи ҳуқуқшинос шудан доранд, ҳамсуҳбат шудем.

— Чаро ихтисоси ҳуқуқшиносро интихоб кардӣ, — мепурсам аз Юсуф ном довталаб.

— Прокурор шудан мехоҳам.

— Чаро прокурор шудан мехоҳӣ?

— Мехоҳам мисли прокурор мошини маркаи нав, хонаи зебою боҳашамат дошта бошам.

— Медонӣ, прокурор чанд маош мегирад?

— Пули калон мегирад.

—Маоши ёрдамчии прокурори нав ба кор оғозкарда 800 —850, прокурори шаҳр шояд 2 ё 3 ҳазор  сомонӣ маош гирад.

Ӯ механдаду аз ман дур мешавад.

Ба дигаре муроҷиат мекунам:

— Кӣ шудан мехоҳӣ?

— Дар  коррупсия мехоҳам кор  кунам.

Ба сеюмӣ муроҷиат  мекунам.

— Таможник шудан мехоҳам.

Умуман, интихоб сари 3 – 4  мақомот давр мезанад.

Маълум аст, ки довталабон барои чӣ ин ихтисосро интихоб мекунанд ва мадди назарашон кор дар кадом мақомот аст. Агар масъала сари пул равад, ихтисосҳои дигаре ҳаст, ки имкон медиҳад садҳо маротиба бештар пул кор кунӣ. Барномасози хуб дар хона нишаста, метавонад бо кишварҳои тамоми дунё ҳамкорӣ дошта бошад ва соле миллионҳо доллар маош гирад. Миёни тоҷикон барномасозоне ҳастанд, ки моҳе на камтар аз 20 000 доллар маош мегиранд. Вале бо вуҷуди он довталабон кластери 2 (программист)- ро кам интихоб мекунанд. Албатта, ин бедалел нест. Майна об кардану бозу дарронидану маош гирифтан аз “модда” рафтааст. Ёфтани пули бедарди миён тренд шудааст. Шояд ин аз бемасъулиятии масъулини соҳа бошад. Чунки моҳияти ихтисосҳое, ки пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд, шарҳ намедиҳанд. Амали онҳо баъзан масали “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”- ро ба хотир меорад. Пешрафти зиндагии шахсиашонро аз пешрафти ҷомеа боло мегузоранд. Дар мактаб компютер ҳаст, аммо дарси компютер нест, ё муаллими компютер нест. Яъне, ҷисм ҳасту ҷон нест. Ҷисми беҷон ба кӣ даркор?!

Мо бо тафаккури қолабии асри ХХ барои асри ХХI нақша мекашем. Бо ин нақша мардумро як аср ақиб мебарем.

Мардумро ба ҷои савори ҳавопаймо кардан, ба хар савор мекунем. Боз мехоҳем, ки пеш равем.

Чун ҳоло сухан сари ихтисосҳои клестерҳои 1, 2 ва 4 меравад, лозим ба ёдоварист, ки ин гурӯҳи ихтисосҳо дар баробари маблағи шартномавиашон кам будан, ҷомеа ба онҳо зарурат дорад. Вале ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, масалан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 17 200 сомониро ташкил медиҳад ва иловатан ҷойи кор  ёфтан барои мутахассисон душвор аст. Зеро ба хотири ба даст овардани маблағи зиёд бисёр қабул мекунанд, бо ҷои кор таъмин намекунанд. Дипломи донишгоҳҳои Тоҷикистонро, ҳарчанд бо бисёр кишварҳо созишнома ҳаст, эътироф намекунанд. Обро бинем њам, мӯза намекашем. Чаро?               

 Ё ҳақиқати талхи воқеияти мо

Барномасози дуруст имрӯз дар Тоҷикистон тухми анқост. Агар як барномасози дурусте буд, кайҳо ҷумҳуриро тарк кардааст ё «free- line» барои хориҷиён  кор мекунад. Дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳияти IT технологияро дуруст дарк накардаанд. Агар дарк карда бошанд ҳам, гардани он дар пойи “пешбарандагон” –и  тафаккури ибтидои асри ХХ баста аст.

Бо тафаккури ғайри қолабие, ки мардуми тоҷик доранд, метавонанд дар ҷаҳон муваффақ бошанд. Вале нестанд. Чаро? Зеро ба ин соҳа дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда намешавад. Одитарин омил гаронии нарх ва суръати хари ланги интернет дар Тоҷикистон аст. Пас чӣ гуна соҳа пеш равад?! Солона маблағи таҳсил то 5000 сомонӣ будану ин касбро интихоб накарданашон низ довталабон гувоҳи ин гуфта аст.

Мардуми тоҷик ҳазорсолаҳо панд гуфтааст. Як панд ё масалаш “Обро бину мӯза каш, ҳаворо бину ғӯза каш” аст. Ин панд ба нақшакашии омода сохтани кадрҳо низ тааллуқ дорад. Ҳоло зарурат ба ин миқдор макотиби  олӣ, ки диплом медиҳанду дониш не, вуҷуд надорад. Талабот ба касб аст. Бояд шумораи омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникиро дар ҷумҳурӣ зиёд намуд. Кафшергар, кранбардор, сохтмончӣ, хизматрасонии маишӣ, техникаи компютерӣ, таъмири мошин, …. Аз дипломи мактаби олӣ доштану дар ба дар кор кофтан, соҳиби дипломи омӯзишгоҳ шудан, ки дорандаашро кор интизор аст, магар беҳтар нест? Дипломро гир — ба пеш ба Русия! Кори хуб ҳам пайдо мешаваду маоши хуб ҳам! 

Уғулой Қутбиддинзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.