Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

40 000 сомонӣ ғолибонро дар Донишгоҳи давлатии Данғара интизор аст

Нуралӣ Шоҳиён, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Тоҷикистон” ба устодону донишҷӯён ҷоиза ва идрорпулӣ таъсис дод.

Аз ҷумла, 14 идрорпулӣ бо маблағи 300 сомонӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар озмунҳои дохили факултет аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика ғолиб мегарданд. Ба ҳар як факултет 2 ҷоиза пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора Муҳаммад Шораҳимзода, мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, ин иқдоми ректори донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Тоҷикистон” гирифта шудааст.

Тибқи иттилои Муҳаммад Шораҳимзода, ҳамчунин, дар 7 факултети донишгоҳ 7 ҷоиза таъсис дода шуд. Ин ҷоизаҳо ҳар кадом 5 000 сомониро фаро мегиранд, ба омӯзгороне, ки дар татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муваффақият ба даст меоранд, мукофотонида мешаванд.

“Ташкили маркази доимамалкунандаи рушди донишҳои дақиқ ва риёзӣ дар назди факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонӣ аз 1 январи соли 2021 аз иқдоми дигари раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад”,-иброз дошт Муҳаммад Шораҳимзода.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи расидан ба ин ҳадафҳо корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.