Абдухалил Ғафурзода: Дар зинаи магистратура ихтисоси нав таъсис додем

Дар  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ихтисоси нав дар бахши магистратура- “ Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис дода шудааст.

Ин нукта дар нишастии матбуотии Академияи мазкур садо дод. “Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи  “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомотӣ маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсатӣ берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад”,-иттилоъ дод ректор Абдухалил Ғафурзода.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки  соли ҷорӣ Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 883 нафар донишҷӯён, магистрантон хатм намуданд, ки нисбат ба як соли пеш 556 нафар зиёд мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *