Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дастоварди беназир: 11 медали тиллову нуқра

11 нафар хатмкунандагони имсола мактаби миёнаро бо медалҳои тиллло ва нуқра хатм мекунанд, ки ин дастоварди беназир аст.

Бино ба иттилои Ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои соли таҳсили 2020-2021, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 11 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд барандаи медал эълон гардиданд.
Озмун дар толори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, хонандагон аз шаҳри Хуҷанд барои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра комёб гардиданд.

Шаҳрдорӣ шарҳ дод, ки хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд — Суман Раҳматуллоева ва Дилноза Дадобоева медали тилло гирифтанд. Аз гимназияи №4 Фариза Мирзохӯҷаева, аз мактаби №28 Шаҳноза Расулзода соҳиби медали тилло шуданд.

Анзурат Аминова ва Азамат Шерматов, хонандаҳои литсейи донишкадаи политехникӣ Маҳастӣ Иброҳимзодаю Дилноза Абдуғаффорова аз мактаби “Ирфон” низ дар феҳрасти барандагони медалҳои тилло номбар карда шуданд.
“Хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ — Машҳура Юлдошева, гимназияи Гёте — Саидҷон Бобоҷонов, литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон — Абдурасул Урунбоев медалҳои нуқраро ба даст оварданд”, — омадааст дар иттилоия.

Барои ин хонандагони арҷманд дар ҷодаи илму дониш бурдбориҳо орзу намуда, хоҳони комёбиву дастовардояшон дар соҳаи илму техника мебошем.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.