Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДМТ боз дар ҷои аввал

Дар рейтинги Муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, ки аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ роҳандозӣ мегардад, Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гаштааст. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали ректор Хоҷазода Т.А. гуфт.

Пас аз ин ҷаноби Хоҷазода ба саволи рӯзноманигорон, ки чаро ДМТ аз ҷиҳати маоши кормандону омӯзгорон низ дар ҷойи аввал нест чунин ҷавоб гуфт:

“Мо ба қадри имкон маоши кормандон ва устодони донишгҳро баланд бардошта истодаем ва боз дар ин самт кор мекунем”.

Бояд гуфт, ки ҳоло расман маълум нест, ки раёсати донишгоҳ кай ва чанд фоиз маошҳоро баланд мебардоранд, зеро тибқи иттилои дастрасшуда аз аввали соли хониш маоши кормандону муаллимони донишгоҳ 15% баланд бардошта шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.