Эмомалӣ Раҳмон: Стипендияи донишҷӯён 30% зиёд мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёми хеш ба парлумони кишвар хабар дод, ки аз 1 сентябри соли 2021 стипендияи донишҷӯёни макотиби олии кишвар 30% боло бурда мешавад.

Дар шароити феълӣ, буҳрони иқтисодӣ ва хуруҷи пандемияи короновирус ин ташаббуси Сарвари давлатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай мавриди муҳокима қарор доданд.

Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташаббусро писандиданд. Ҳамчунин, Президенти кишвар соли 2021-ро соли «Илм-фуруғи маърифат» эълон кард.

Инчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз иштирокчиёни фаъоли озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсиф кард. Ба гуфтаи Президент, ки сатҳи суханронии бархе аз наврасони ширкаткунандаи ин озмун аз аъзои ҳакамони ин озмун баландтар буд. «Ман ба иззати нафси касе расидани нестам, вале сатҳи суханронии баъзе аз хонандаҳо аз аъзои ҳакамон ва шоиру нависандаҳову рӯзноманигорону барандаҳо баландтар буд. Баъзе академикҳову шоирони бузургмамон кӯдакони 5-6-соларо чуноне пурсупос карданд, ки ягон прокурор ҷинояткорро ин гуна пурсу пос намекунад. Ин худ як қаҳрамонист. Чаро мо инро қабул накунем»,-гуфт Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *