Имсол “Дарси сулҳ”-ро ба таври зинда нишон намедиҳанд

Cоли равон 240 ҳазор нафар хонанда ба синфи 1 –ум мераванд. Бино ба иттилои “Азия Плюс” дар такя ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, фарқ аз солҳои пешин, имсол “Дарси сулҳ” тариқи телевизионҳои кишвар ба таври зинда нашр намешавад.

Тавре гуфта мешавад,  1 сентябр Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мегузаронад.

— “Рӯзи дониш” фавран бо дарсҳо оғоз мешавад, на аз тамошои оммавии пахши мустақими телевизионӣ дар муассисаҳоии таълимии кишвар. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Гимназияи рақами 4 -и шаҳри Душанбе ширкат карда, бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб мулоқот хоҳад кард», — гуфт манбаъ.

Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе муассисаи боҳашамати таълимӣ мебошад. О аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфта, барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабараторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *