Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Олими тоҷик химикҳои ҷаҳонро дар ҳайрат гузошт

Олими ҷавон Махсуд Саидаминов бо ду кашфиёти нодираш дар илми химия дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ ҳамчун як олими ояндадор эътироф шудааст.

Махсуд Саидаминов, ки ҳоло дар Донишгоҳи Торонтои Канада кор мекунад, аз ангуштшумор олимони тоҷик аст, мақолаҳои илмиаш дар маҷаллаҳои мӯътабари ” Nature ” ва ” American Chemical Society” чоп шудаанд. Махсуд Саидаминов, олими ҷавони тоҷик зодаи шаҳри Исфара ва дастпарвари литсейи маъруфи Абдулафиз Азизов, хушномтарин устоди фанни химия дар Тоҷикистон мебошад.

Махсуд Саидаминов ҳамагӣ 29 сол дорад, вале аллакай дар доираҳои ҷаҳонии илми химия як олими ҷавони умедбахш дониста мешавад. Ӯ бо беш аз 40 гурӯҳи илмии пешқадами байналмиллалӣ, аз ҷумла бо гурӯҳҳои илмии Оксфорд, Нотрдам, Торонто, MIT (ИМА), ETH (Сюрих, Швейтсария) ҳамкориҳои зич дорад.

Сабаби чунин тавваҷӯҳ ба ин олими тоҷик кашфиётхои илмии ӯст.

Махсуд Саидаминов нахустин шуда, ҳалшавии баръакси перовскитҳоро дар маҳлулкунандаҳои гуногун муайян карда, дар асоси ин кашфиёт роҳи ҷадиди кристалликунонии перовскитҳоро кашф кард. Ин кашфиёт, ки барои такмили батареяҳои офтобӣ муҳим аст, ҳоло аз ҷониби гурӯҳҳои илмии пешқадами дунё истифода мешавад. Кашфиёти дигари ин ҷавони олими тоҷик сорбенти магнитии нафт аст, ки дар ҷамъоварии маводи нафтии дар пайи садамаҳо ва дарёву кӯл ва баҳру уқёнус рехта зарур мебошад. Як грам сорбенти кашфкардаи Махсуд Саидаминов барои аз об ҷудо кардани то 80 грам нафт кофист. Ин кашфиёт, бахусус дар пасманзари фалокатҳои экологӣ, ки ҳангоми истихроҷи нафт аз умқи баҳру уқёнус зиёд рух медиҳанд, аҳамияти бакарат касб мекунад.

Ҳукумати Канада имсол аз миёни беш аз 1000 довталаб ин олими ҷавони тоҷикро дар қатори 23 олими ҷавони дунё бо ҷоиза дар доираҳои илмӣ мӯътабари Бантинг сарфароз гардонд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.