Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ректори ДМТ ҳам маошашро ба фонди зидди коронавирус гузаронд

Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба коронавирус бахшид.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон, имрӯз, 6 май  бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ба кормандони қисмати 5 «А»-и Беморҳонаи «Истиқлол»-и пойтахт кумаки молиявӣ  ва беш аз 250 ниқоби тиббӣ, ки дар дӯкони дӯзандагии назди хобгоҳи №6-и донишгоҳ омода шуда буданд, ҳамчун хайрияи рамазонӣ супорида шуд. Зимни супоридани хайрияи рамазонӣ намояндагони донишгоҳ бо сардухтури қисмати 5 «А»-и беморхона Ҳасан Зуҳуров ва чанде аз кормандони беморхона дар самти хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва камбудиҳои ҷойдошта суҳбат намуданд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ин гуна иқдоми хайрхоҳонаро дар беморхонаҳои дигари пойтахт амалӣ намояд.  

Ёдрас мешавем, ки тайи рӯзҳои охир дар пайравӣ бо ташаббуси навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ  моши якмоҳа ва ё панҷоҳ фоизи онро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба   мубориза бар зидди коронавирус бахшида истодаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.