Ректорони макотиби олии Тоҷикистон дар Хуҷанд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муасссисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки пеш аз оғози ҷаласа меҳмонон аз дастовардҳои донишкада боздид намуда, бо ихтироот ва ташкили инфрасохтори муосири ин муассисаи таълимӣ шинос шуданд.

Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, ки иқдоми Пешвои муаззами миллат доир ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва таъмини онҳо бо муҳандисони соҳибкасб дар соли 2010 бо Қарори Ҳукумати ҶТ №58 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда буд. Таъсисёбии донишкада яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият дар соҳаи маорифи кишвар маҳсуб ёфта, ҳадафи асосии он таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ арзёбӣ карда шудааст.

Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода баромад намуда, номаи табрикотии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷандро ба самъи ҳозирин расонида, ҳамзамон аз роҳи тайкардаи донишкада ва дастовардҳои он андешаронӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тӯли беш аз 10 соли фаъолияти хеш дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси риштаҳои барномарезӣ, телекоммуникатсия, энергетика, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, агротехнология, технологияи маҳсулоти хӯрока, иқтисодиёт ва молия ба мувафаққиятҳои беназир соҳиб гардида, чун донишкадаи навовар ва пешоҳанг дар ҷомеаи навини соҳибистиқлол шинохта шудааст.

Дар охир муовини вазири маориф ва илми ҶТ Диловар Қодирзода ба роҳбарият ва устодони донишкада Сипоснома, Ифтихорнома ва унвонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тақдим намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *