Шинос шавед: Рустам Ғаниев директори ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе

Рустам Ғаниев директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин гардид.

Дар ин бора қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми декабри соли 2020 ба тасвиб расид. Номбурда дар ин вазифа Сайаъло Мирзоевро иваз кард. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барканории Сайаъло Мирзоев гузаштан ба вазифаи дигар ном бурда мешавад.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сомонаи Pressa.tj  хабар доданд, Рустам  Ғаниев хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мебошад. Ӯ донишгоҳи мазкурро соли 2007 бо ихтисоси молия ва қарз ва дипломи аъло хатм кардааст.  Рустам Ғаниев соли 2016 таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Диловар Қодирзода рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, чанд сол дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба ҳайси устод ва муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодӣ фаъолият дошт.

Аз соли 2013 то ин замон ёвари ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон сардори раёсати инноватсияи ҳамин донишгоҳ буд. Ҳамкорон аз Рустам Ғаниев шахси донишманд ва ташаббускор ном мебаранд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *