Маоши баландтарин дар ДСХ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон
Теъдоди омӯзгорони соҳиби унвон ва дараҷаи илмӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба 62 нафар расидааст, ки аз ин 6 доктори илм, профессор, 56 номзади илм, дотсент мебошанд.
Дар ин бора ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки нишондиҳандаи мазкур тӯли фаъолияти донишкада яке аз натиҷаҳои беҳтарин маҳсуб меёбад.
Айни замон музди миёнаи маош дар донишкада 2248 сомониро ташкил дода, профессор 5 000 сомонӣ, номзади илм 2700 сомонӣ, ассистент 1300 сомонӣ ва кормандони ёрирасон 920 сомонӣ маош мегиранд. Ин баландтарин ҳаққи музд дар муқоиса бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон аст.
Дар нишаст қайд гардид, ки солҳои охир таваҷҷуҳи устодони дигар муассисаҳои олии кишвар барои кор ба донишкада бештар шуда истодааст. Аз ҷумла чанд нафар аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намудаанд, ки дар донишкадаи мазкур ба таълими донишҷӯён машғул шаванд, аммо ба гуфтаи ректор Диловар Қодирзода, ҳоло атрофи ин масъала гуфтушунид идома дорад.
Дар мавриди ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳои олии хориҷ аз кишвар ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Д. Қодирзода иброз дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон бо 12 муассисаи хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Дар нақша аст, ки моҳи августи соли ҷорӣ як ҳайат иборат аз устодони донишкада ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар анҷом диҳанд ва дар ин замина бо чанде аз таълимгоҳҳои олии шаҳрҳои Самарқанд ва Тошканд ҳамкориҳои тарафайн ба роҳ монда хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ