Марҳамат ба консерти хайриявии Шабнами Сурайё

Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё рӯзи 22 июл дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба ёди рӯҳи додари ҷавонмаргаш Эмомалиҷон як консерти хайрия барпо мекунад. Тамоми пули ин консерт ба ду ятимхона ва ба сандуқи кумак ба дастаи футболи «Равшан”-и Кӯлоб дода хоҳад шуд.

     

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик бо пуштибонии иттилоотии нашрияи «СССР” барои баргузории як консерти хайрия ташаббус кардааст. Ин нахустин консерти комили Шабнами Сурайё дар шаҳри Кӯлоб дар тақрибан 15 сол охир ва ҳам нахустин консерти комилаш дар Тоҷикистон бахди даргузашти додари 16-солааш Эмомалиҷони Хуршед мебошад.

                  

Сайёфи Мизроб, муассис ва сардабири «СССР” рӯзи 30 июн дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт, ин консерти хайрия рӯзи 22 июл дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад ва ба ёди бародари ҷавонмарги Шабнам – Эмомалиҷон – бахшида шудааст: «Мо бо Шабнам ин ташаббусро кардем ва пуле ки ҷамъ мешавад, нисфаш ба ду ятимхонаи шаҳри Кӯлоб – интернати ятимон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *