БДА додани асноди ронандагиро муваққатан қатъ намуд

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  8 то 11 июли соли равон ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, бақайдгирӣ ва гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти механикиро муваққатан манъ мекунад.

Сабаби ин ҳолатро Вазорати корҳои дохилӣ дар гузаронидани корҳои профилактикӣ дар Маркази иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста дониста аст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *