Марги се аъзои оила дар як садама

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи миёни шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт се узви як оила – модару писар ва набера – ҷон бохтаанд. Ин ҳодиса баъд аз зуҳри 14-уми август иттифоқ афтодааст.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки дар ин садама як “Камаз” бо мошини навъи “Hyundai Porter” бархӯрдааст. Мақомоти расмӣ то ҳол ҷузъиёти садамаро ошкор накардаанд. Аммо афроди огоҳ гуфтанд, ки “ронандаи “Камаз” аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.”

Афроди ҳалокшуда сокинони рустои Бободархони ноҳияи Ашт буда, аз шаҳри Хуҷанд ба мағозаашон маҳсулоти ғизоӣ мебурданд.

Аз ноҳияи Ашт то шаҳри Хуҷанд беш аз сад километр роҳ аст. Моликони фурӯшгоҳҳо дар ин ноҳия маҳсулотро асосан ба таври яклухт аз бозорҳои Хуҷанд харида, сипас тавассути мошинҳои борбар то маҳалли иқомати худ мебаранд.

Мақомот мегӯянд, ки танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 427 нафар ҷон бохта ва 1419 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд. Дар чанд соли гузашта ҳам талафот дар натиҷаи садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон дар тӯли сол на кам аз 400 нафар будааст. Соли 2015-ум 446 нафар, соли 2014-ум 449 нафар ва соли 2013 472 нафар дар роҳҳои кишвар ҷон додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *