Ҳавзи шиноварии беоби шаҳри Панҷакент

Ҳавзи шиноварии шаҳри Панҷакент имсол ягон рӯз кор накардааст ва дараш баставу ҳавзаш ҳам беоб аст. Сокинон мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки ин ҳавзи шиновариро на барои мардум, балки барои меҳмонону раисон сохтаанд.
Тавре сомонаи «Ахбор» интиқод намудааст, ҳавзи шиноварие, ки дар Панҷакент бояд ба сокинон, бахусус ҷавонон хизмат расонад, ҳамеша дари баста дораду аллакай чандин ҷойҳояш вайрон шудааст.
Ин ҳавзи шиноварии болопӯшида соли 2008 сохта шуда, ягона дар водии Зарафшон аст. Аммо чанде аз ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент мегӯянд, то ба ҳол дохили он надаромадаанду дари ин маҷмааро ҳамеша баста мебинанд. Оқилҷон, як тан аз ҷавонони шаҳри Панҷакент мегӯяд:
-Ба фикрам, ин ҳавз барои мо нест. Он барои меҳмонону раисон сохта шудааст.
Фаррух, дигар аз сокини ин шаҳр иброз дошт, ки чанд маротиба барои оббозӣ рафтем, аммо дараш қулф аст. Ҷавонон мегӯянд, дар соли 2017, ки соли ҷавонон эълон шудааст, баста будани дари ҳавзи шиноварӣ мисли тамасхур менамояд.
Дар ҳамин ҳол як нафар аз ҳукумати шаҳри Панҷакент мегӯяд, ҳавзи шиноварӣ аз шабакаҳои барқи Панҷакент маблағи калон қарздор аст.
Сокинон мегӯянд, агар ҳавзи шиноварӣ дар хидмати мардум қарор дода мешуд, шояд теъдоди ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо низ коҳиш меёфт ва ҳамзамон мардум имкони истироҳату фароғати муносибтареро ба даст меовард. Чизе ки бо дари пӯшидаи ҳавзи шиноварии Панҷакент, имрӯз надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *