Марги сокини Дарвоз ҳангоми ҷамъоварии чукрӣ

Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ як марди 34-сола ҳангоми ҷамъоварии чукрӣ дар кӯҳ аз баландӣ афтода, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 2 апрел, тақрибан соати 8:00 рух додааст. Сокини деҳаи Паткунови ҷамоати Қалъаи Хумб барои ҷамъоварии гиёҳ ба кӯҳҳои наздик рафта, бинобар лағжанда будани роҳ баъд аз боришоти зиёд, аз баландии 60 метр сарозер шудааст.

Ҷасади марҳум танҳо баъди чанд соат, тақрибан соати 15:00, аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пайдо шуда, ба наздиконаш супурда шудааст.

КҲФ дар робита ба ин ҳодиса бори дигар аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд ва аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, занбӯруғ, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор дар чунин шароит худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image