тӯй

Маърифати исломӣ: Чаро саидзодаҳо духтар намедиҳанд?

Мехостам дар масъалаи ба халқиятҳо келин надодани эшонҳо ё худ саидзодаҳоро муфассал шарҳ диҳед. Зеро дар бештар маврид духтарони онҳо пир мешаванду ба мардуми омӣ келин намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки худ аз дигарон келин мегиранд. Ин анъана аз куҷо сарчашма мегирад ва то куҷо ҷоиз аст?

ШАМСИЯ

Посух:

— Хоҳари азиз, масъалаи издивоҷ амри муҳим ва савоб аст ва он мушкилоте, ки шумо дар назар доред, ҳалли худро ёфтааст. Духтарони солхўрда чӣ аз эшонҳо ва чӣ аз мардуми омма бисёранд. Ин ҳолат танҳо хоси духтарони эшонҳо нест ва чунин ҳолат хоси баъзе манотиқи кишвар ва аз рўи одати ҳамон минтақа аст. Аз нигоҳи мазҳаби Абуҳанифа (р) дар мардуми Аҷам ислом эътибор дорад, на қавмият ё мансубият ба ину он.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *