бобои барфӣ

Маърифати исломӣ: Соли навро ҷашн гирем? 

Дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем. Мо дар оила ҳамеша Соли навро ҷашн мегирем, вале хонаводаи амакам “Соли навро ҷашн гирӣ, кофир мешавӣ” мегӯянд. Мехоҳам нигоҳи Исломро ба ин масъала бидонам.

АЛИҶОН, шаҳри Душанбе

Посух:

— Бародари азиз, агар шумо ба Соли нав ҳамчун ба як санаи оддии сол муносибат кунед ва бо ҷамъе аз дӯстон нишаста, дилхушӣ намоед, ҳеҷ мушкил нест. Вале агар шумо ба ин сана ҳамчун иди муҳим муносибат намоед, албатта ин ҷоиз нест. Зеро шариати Ислом мефармояд, ки шумо дар ҳар ҷое, ки ин ҷашнро истиқбол мегиред, бояд ин амалатон ба нияти ибодат набошад ва аз он чизҳое, ки шариат моро манъ кардааст, аз қабили бо номаҳрамон як ҷо нишастан ва истеъмоли шаробу дигар чизҳои мамнуъ дар дини мубини Исломро истифода бурдан, дар ҳар куҷое бошед, бояд парҳез кунед.

Дар дигар ҳолат хурсандӣ кардан, бо фарзандон ба саёҳат баромадан ва бо дӯстон дар тарабхона нишастан мушкил надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *