Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба зимистон омода аст

Сардори Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» Мурод Юсуфов хабар додааст, ки Маркази мазкур аз 16 сентябр фаъолияти худро бо иқтидори умумии зиёда аз 170-180 мВт оғоз намуд.

«Тамоми инфрасохтори зарурии Маркази гармидиҳӣ барои гузаронидани давраи зимистон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни чинӣ ба ҳолати омодагии мувофиқ оварда шудааст»,- мегӯяд М.Юсуфов.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта марказ тақрибан 1500 иншооти пойтахтро бо неруи барқ ва гармӣ таъмин намуд. Имсол ин теъдод ба 1800 адад расидааст.

«Мо имсол барои гузаронидани мавсими зимистон 760 ҳазор тонна ангиштро, ки дар ноҳияи Ашт истихроҷ шудааст, захира намудем. Ҳар рӯз ба марказ 3-4 ҳазор тонна ангишт ворид карда мешавад»,- илова кард ӯ.

Ба саволи он ки кай дар пойтахт системаи таъмини гармӣ фаъол мегардад, сардори Маркази мазкур ҷавоб дод, ки ҳамааш аз қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобастагӣ дорад.

Бояд зикр кард, ки дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» 670 нафар аҳолии пойтахт бо ҷои кор таъминанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *