Субҳи Бадахшон сокит аст…
Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон даряк сӯҳбат гуфтааст, ки қарор шуд рӯзи 16-уми октябр дар Хоруғ ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумати вилоят баргузор шавад. Ӯ гуфтааст, ки ин ҷаласа ба манзури натиҷагирӣ аз кори мақомоти маҳаллии вилоят дар як моҳи охир баргузор мешавад.
Ёдгор Файзов дар посух ба ин савол, ки оё бар зидди “гурӯҳҳои ҷиноятӣ” ё “ашхоси алоҳида” амалиёти махсусе анҷом мешавад ё не, гуфтааст, ки “агар оромӣ намешуд, фардо ҷаласаи фаъолони вилоятро баргузор намекардем. Оромӣ аст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ