Марзи Тоҷикистону Қирғизистон: Протоколи нав имзо шуд (аудио)
Дар маркази хизматрасонии «Раъно», воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намудаанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо рафти таъмини иҷрои протоколҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла протоколи рақами 42-ро баррасӣ карда, аз вазъи иҷрои ин ҳуҷҷат изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
— Тарафҳо таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро амри зарурӣ ҳисобида, таъкид доштанд, ки минбаъд тамоми масъалаҳои ба миён омада дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҳал карда мешавад. Аз тарафи роҳбарони ҳайатҳо протоколи нав ба имзо расонида шуд,- мефзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ