светофор

Баъди шикоят ба вазорат дар Бохтар чароғаки роҳ насб мешавад (аудио)

Дар чорроҳаи маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар чароғаки роҳ насб карда мешавад. Ин ташаббус ба хотири пешгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳ ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ аст.

Нусратулло Ҳақназаров, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки бо мусоидати Вазорати нақлиёти кишвар ҳашт ҷуфт чароғаки роҳ харидорӣ шуда, айни замон корҳои насбкунӣ ҷараён дорад. Ӯ афзуд, ки масъалаи насб кардани чароғак дар чорроҳаи мавриди назар баъди шикояти сокинон ба вазорат сурат гирифтааст. Тавре зикр гардид, дар роҳе, ки ҳоло чароғак насб мешавад, зуд-зуд садамаҳои нақлиётӣ рух медоданд.

“Барои харидорӣ ва насб кардани чароғаки роҳ каму беш 75 ҳазор сомонӣ масраф мешавад. Вале муҳим ин ки, тамбашавии роҳ пурра бартараф карда шуда, пеши роҳи садамаҳои нақлиётӣ гирифта мешавад”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *