Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорон осон шуд. Шарҳи намояндаи Кумитаи андоз (аудио)

Муҳлати анҷоми  бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон аз 3-5 рӯзи корӣ то ба 24 соат кам гардид.

Дар ин бора ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ворид карда шудааст.

Каъбатулло Меликзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни шарҳи тағйирот гуфтааст, раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар боз ҳам сода гардонда мешавад.

«Мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ шудааст», — изҳор доштааст ӯ.

Барои анҷоми чандин хадамоти дигари давлатӣ низ як шабонарӯз муқаррар шудааст.

Дар ин феҳраст аз ҷумла бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо, таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ зикр шудаанд.

Инчунин, ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар муҳлати то 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз сабукиҳои дигар мебошад.

Ҳоло теъдоди сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин бахш ройгон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *