Машқҳои зидди терористӣ дар Остона

Пулиси Остонаи Қазоқистон эълон кард, ки дар шаҳр машқҳои пешгирӣ аз амали террористӣ ва маҳви оқибатҳои он баргузор мешавад. Ҳадафи ин машқҳо санҷиши омодагии ситоди зудамали маҳаллӣ унвон шудааст.

Машқҳо ба шароити ҷангӣ дар ҳолатҳои вазнин мутобиқ шудаанд. Пулиси Остона аз сокинони шаҳр хостааст, ки ба ташвиш наафтанд ва оромиро ҳифз кунанд.

Дар як ҳафтаи охир ин дувумин «машқҳои зиддитеррористӣ» дар Остона аст.

Сар аз моҳи июн дар Қазоқистон сатҳи «зард»-и хатари террористӣ амал мекунад. Ин ҳолат баъди ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Оқтеппа, ки мақомот онро теракт унвон карданд, эълон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *