Маслиҳати хушдоман
Афзоиш ёфтани пошхӯрии оилаҳо аз ҷумлаи мушкилии асосӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо оилаҳо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дахолати яке аз пайвандони шавҳар, дар натиҷаи зӯроварӣ ва дигар омилҳо рух медиҳад ва дар натиҷа кӯдакони масъум зиндаятим мемонанд.
Сабабгори асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар чист?
Ба саволи мазкур истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, бонуи саропо ҳунар, устоди садҳо зани ҳунарманд, чеваре, ки дар озмунҳои зиёде чун тарроҳу дўзанда ѓолиб омадаанд, Мунаввара Чиллаева посух мегӯянд. Бояд зикр намуд, ки соли 2000-ум оилаи Мунавварабону дар кишвар соҳиби унвони оилаи намунавӣ шуда буданд.
-Сабаби вайрон шудани оилаҳои ҷавон дар аксари ҳолатҳо тарбияи нодурусти ҷавонон аст, ки онҳоро волидон ба зиндагии оилавитайёр намекунанд. Хоса духтарони ҷавонро бояд аввал фарҳанги оиладориро ёд диҳем, аз ҷумла ҳурмату эҳтиром нисбати хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар, донистани одоби муошират, оини меҳмоннавозива сабру тоқат, таҳаммулгароишарму ҳаё ва дарки масъулият. Як сабаби дигар вобастагии насли нав бо телефонҳои мобилихестани шамоли рашк, ки оқибат ҳавои хонаро абримекунаду ба ҷудоимебарад.
Ман бо ҳамсарам, ки корманди мақомоти прокуратура буданд, 57 сол зиндагикарда, ҳафт фарзандро тарбияву соҳиби маълумоти олӣ ва оилаву хонаву дар кардем. Ҳарчанд ҳамсарам метавонист, ки моро бо зиндагии шоиста таъмин кунад, вале ман баробари ў меҳнат мекардам ва дар буҷҷаи хонавода саҳм мегузоштам. Бояд зану мард баробар бори зиндагиро кашанд, аз ин рў, духтарони ҷавонро лозим аст, ки ягон касбу ҳунарро аз худ намоянд. Шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва дар ҳама ҷо соҳиби обрўю эътибор аст.
Суҳбати Дилошӯб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ