Маслиҳати хушдоман: Калонсолон баракати оила ҳастанд
Дар меҳмонии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” Озодамоҳ Одинаева, сокини ноҳияи Муъминобод қарор дорад. Ӯ феълан дар шаҳри Южно-Сахалински Федератсияи Русия кору фаъолият мекунад. Фикру андешаҳои Озодамоҳ дар мавриди дахолати калонсолон ба зиндагии оилаҳои љавон чунин аст:
-Ба фикри ман ягон падару модар намехоҳад, ки дар хонаводаи ӯ љангу љанљолу пархош бошад. Волидайн новобаста аз характеру табиаташ, ҳамеша хоҳони хушбахтии фарзанди худ аст. Солорҳои оила ҳаргиз бар зарари љавонҳо гап намезананд, агар онҳо раҳу равиши зиндагиро омӯзонанд ё ба ягон кори келину домод эроди дилсӯзона гиранд, ин ҳаргиз дахолат нест. Мутаассифона, имрӯз љавонони мо насиҳати калонсолонро нодуруст қабул мекунанд. Аксари љавонони озод ба воя расида аз оддитарин маслиҳат меранљанд, дар оилаҳои анъанавии тољикї ин хел нест. Калонсолон баракати оила, манбаи панду насиҳат ва таљрибаи зиндагї ҳастанд. Ҷавонон бояд нозукиҳои зиндагиро аз калонсолон омӯзанд ва аз роҳнамоиву маслиҳати эшон ҳаргиз хафа нашаванд.
Суҳбати Лола
Бознашр аз “Оила”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ