Мастчоҳ: Наварӯсон “фата” не адрас фармоиш медиҳанд
Гирандаидаи гранти Президентӣ-Саломат Азизова, ки беш аз се сол боз ба тайёр кардани шогирдон дар ришати атласу адрасбофӣ машғул аст, гуфт: -Дар ноҳияи мо, хоса дар ҷамоати деҳоти Палдорак арӯсон ба “фата” не адрас майли бештар доранд. Ғайр аз он имсол, ки соли “ Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, талабот ва фармоишот ба сару либосҳои идона, арӯсӣ, ҷомаворӣ ва куртаву болини қуроқӣ ва юрма, ки ҳама маҳсули дасти ҳунармандон аст, ҳамеша зиёд буд.
Дар ин коргоҳ аз соли 2014 худамон кор мекардем ва баъди гирифтани гранти Президентӣ (10 ҳазор сомонӣ) шогирдон ва дигар занҳои ҳунармандро низ ҷалб кардем.
Ҳолати кор бо дастгоҳи адрасбофӣАввалин коре, ки кардем, ин харидории ду дастгоҳи адрасбофӣ ва ашёи хом буд. Шахсан ман дар як рӯз 15-16 метр матои атлас мебофам. Шогирдонам, ки навкор ҳастанд 7-8 метр мебофанд.
Фикр мекунам ҳар зан, ки дар даст ҳунар дорад хор намешавад ва ба зиёдшавии будҷети оилаи низ мусоидат мекунад. Масалан мо як ғалтак мехарем, ки 700 метр аст ва аз он 18 метр матоъ тайёр карда мешавад.
Ҷома
Илова бар ин ҷомавор медӯзем, фармоиш қабул мекунем ва дар як рӯз 100-110 сомонӣ фоида ба даст меорем, ки бо ҳисоби маош баробар кунем аз миқдори маоши аксар маошхӯрон бештар аст.
Як болини арӯсӣ 2-3 рӯз вақтро тақозо мекунад, аммо вақти зиёдро талаб кунад ҳам ба арзиши 70 сомонӣ мефурӯшем, ки аз он 40-45 сомонӣ фоида мебинем.
БолиндӯзӣФарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ