Ҷоми вазири корҳои хориҷӣ

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ байни намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз вазорати мазкур хабар доданд,   дар  ин  чорабинӣ сафирон ва кормандони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва роҳбарияту кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки  сабқатҳои варзишӣ   аз рӯи бозиҳои волейбол, теннис, тенниси руйи миз, шоҳмот ва  футбол   барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ  доир  гардида, ҳадаф аз баргузории он   оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим,  таҳкими  ҳамкорӣ ва равобити  дӯстона байни кормандони корпуси дипломатӣ мебошад.

Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *