Матлубахон САТТОРИЁН, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зиндагинома. Матлубахон Сатториён (Сатторова Матлубахон Амонҷоновна) 19-уми сентябри соли 1972 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1994 Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С. М. Кировро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
Фаъолияти корӣ. Ӯ фаъолияташро соли 1993 оғоз намуда, ҳамчун муаллима, сармуаллима, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, ҷонишини декани факултаи филологияи тоҷик, сармутахассис, муовини мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Солҳои 2008-2011 ба ҳайси раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият бурдааст.
Солҳои 2011-2014 дар мансаби раиси шаҳри Истиқлол ва солҳои 2014-2018 раиси шаҳри Гулистон фаъолият намудааст.
Аз декабри соли 2018 то соли 2020 ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кардааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Унвони илмӣ. Номзади илмҳои филологӣ.
Қадршиносӣ. Соли 2011 бо медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2017 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ