Меҳмонони нав дар Қасри Миллат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми ноябр дар «Қасри Миллат» аз сафирони навтаъйини 12 кишвар эътимоднома қабул намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент , сафирони Туркманистон, Қатар, Итиҳодияи Аврупо, Финландия, Испания, Литва, Словения, Молдова, Малайзия, Кореяи Шимолӣ, Замбия ва Салвадор ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаҳои худро супурданд.
Президент дар маросими қабули эътимодномаҳои сафирони нав гуфтааст, ки «ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи «дарҳои кушода» ташкил медиҳад». Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои хориҷии дуру назди муносибаҳои барои ҷонибҳо судмандро роҳандозӣ менамояд.Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҳавзаи минтақаи Осиёи Миёна, ҷаҳони араб, кишварҳои аврупоии минтақаи назди Балтик, Иттиҳодияи Аврупо ва давлатҳои аъзои он ва кишварҳои фазои ИДМ таъкид намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ