Барқи тоҷик

«Барқи тоҷик»: Ба ҷои фоида зарар

Ташхиси аудитории «Барқи Тоҷик» собит кардааст, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.

 Аудит ё ташхиси ҳисобдории «Барқи Тоҷик»-ро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом додааст. Нусхаи хулосаи аудиторон рӯзи 20-уми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд.Аудиторон пас аз ташхиси дахлу харҷи «Барқи Тоҷик» муайян кардаанд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияти худ 3 миллиарду 406 миллиону 156 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Аудиторони ширкати MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL дар яке аз бандҳои хулосаашон навиштаанд, фаъолияти «Барқи Тоҷик» «бо номуайянии амиқ» рӯ ба рӯ аст. Бар замми зиёни молиявии беш аз 3-миллиардӣ, уҳдадориҳои молиявии ҳолдинг аз дороиҳои кӯтоҳумуддат дида 8,5 миллиард сомонӣ бештар будааст. Бо назардошти ин вазъият, аудиторон дар хулосаашон навиштаанд, «ин ва дигар масъалаҳо номуайнии амиқро» дар кори ширкат нишон медиҳанд ва «имконияти идомаи фаъолияти гуруҳро (манзур ширкати «Барқи Тоҷик») дар ояндаи наздик зери шубҳаи ҷиддӣ қарор медиҳад.Фаъолияти ширкати «Барқи Тоҷик» ҳар сол аз ҷониби як ширкати аудитории байналмилалӣ санҷида ва суду зиёнаш баркашида мешавад. Аудити ҳарсолаи ширкат яке аз талаботи Сандуқи Байналмилалии Пул баъд аз моҷарои истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои ин созмон дар соли 2008-ум дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *