Роҳбарии мактабҳои президентӣ бар ӯҳдаи мутахасисони хориҷӣ

Вазири маорифи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов гуфт, дар тамоми минтақаҳои ин кишвар барои муайян кардани ҷавонони боистеъдод ва фароҳам сохтани имкони рушди онҳо мактабҳои президентӣ таъсис дода мешавад.

Ҳафтаи гузашта президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам дар мулоқот бо аъзои порлумон, Шӯрои вазирони Қарақалпоқистон, раҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ки дар шаҳри Нукус баргузор шуд, гуфт, дар ҳар як минтақаи ин кишвар мактаби президентӣ таъсис меёбад.

«Дар назди худ вазифа гузоштем, ки кишвари худро ба сатҳи нави рушд расонем ва барои ин ба мо кадрҳои ҷавон лозим аст. Бо мақсади тарбияи чунин кадрҳо мо дар ҳар минтақаи кишвар мактаби президентӣ ташкил мекунем», — изҳор дошт Мирзиёев.

Ӯ дастур дод, ки таъсиси мактаби президентиро аз Қарақалпоқистон оғоз кунанд.

Ба гуфтаи вазири маорифи Ӯзбекистон, мактабҳои президентии ин кишварро ба хотири таъмини интихоби шаффофи донишомӯзон ва раванди босифати таълим мутахассисони хориҷӣ раҳбарӣ мекунанд. «Ҳамчунин қарор аст, омӯзгорони хориҷӣ ба кор ҷалб шаванд», — афзуд Шерматов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *