Медали биринҷии Маҳмадбеков, захми Эмомалӣ Нуралӣ ва шикасти Хоҷазода дар Бозиҳои олимпӣ

Ҷудокорони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 набардҳои худро оғоз карданд, ки алҳол як медали биринҷӣ дар ҳисоби худ доранд.

Медали биринҷиро Сомон Маҳмадбеков ба даст овард. Ӯ дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд. Дар даври чорякниҳоӣ Маҳмадбеков бо Тато Григалашвилӣ аз Гурҷистон гӯштин гирифта, аз ӯ шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт. Дар марҳилаи тасаллобахш Сомон бар варзишгари Узбекистон Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Сиапс, дар рақобат барои медали биринҷӣ бар ҷудокор аз Италия Антонио Эспозито ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Ҷудокори умедбахши тоҷик Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), ки дар даври якуми Бозиҳои олимпӣ озод буд, дар даври дуюм бо имтиёзи вазарӣ дар вақти тилоӣ муқобили намояндаи Исроил Брауч Шмаилов ғалаба  ба даст овард.

Дар даври сеюми  Бозиҳои олимпии Париж-2024 Эмомалии Нуралӣ бо қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи ҷопонӣ ба майдон баромад ва мағлуб шуд. Дар ин набард Эмомалӣ аз дасти худ захм бародошт ва натавонист, ки дар муборизаи тасаллобахш ба майдон ояд. Дар натиҷа ҳарифи ӯ, паҳлавони сербистонӣ, бе набард ба даври дигар роҳ ёфт.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода аз варзишгари канадагӣ Артур Маргелидон дар вақти изофӣ шикаст хӯрд. Хоҷазода дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар вазни -73 кг бо паҳлавон аз Канада Артур Маргелидон куштӣ гирифт ва дар вақти изофӣ бо имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ озод буд ва дар даври дуюм бо имтиёзи иппон муқобили Фарис  Бадавии фаластинӣ пирӯзӣ ба даст овард. Дар даври баъдӣ бо имтиёзи вазарӣ бар намояндаи Нидерланд Франк Де Вит ғалаба кард, аммо дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Тато Григалашвилии гурҷӣ то вақти тилоӣ мубориза бурда, бо имтиёзи вазарӣ ноком шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *