Медали тиллои варзишгарзани Тоҷикистон аз Ҳонконг

Ҷудокорзани 19-сола Виктория Киселёва аввалин медали тиллоро миёни занон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон соҳиб шуд.

 Мусобиқаи бузурги Осиё  “Hong Kong Asian Open-2024” дар шаҳри  Ҳонконг баргузор гардида, 129 варзишгар аз 13 кишвари дунё ширкат варзиданд.

 Тоҷикистонро 2  ҷудокорзан — Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) намояндагӣ карданд.

Мусобиқаи мазкур марҳилаи муҳим барои варзишгарон дар роҳ ёфтан ба зинаҳои интихоб ба Бозиҳои олимпӣ ва соҳиб шудан ба имтиёзҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Виктория дар рақобати аввал ҳарифаш аз Ҳиндустон, дар қувваозмоии дуюм — намояндаи Чин ва дар рақобати финалӣ — варзишгарзан аз Кореяро мағлуб кард.

Бояд қайд кард, ки ин мусобиқа ба варзишгарзанон ҷиҳати нишон додани маҳорату малака ва таҷриба дар арсаи байналмилалӣ имкони хуб мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *