Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳиндустон чӣ гуна бо COVID-19 мубориза мебарад?

Ҳоло Ҳиндустон дар миёнаи мавҷи дуюми COVID-19 қарор дорад. Кишварҳои ҷаҳон бо фиристодани миқдори зиёди таҷҳизоти тиббӣ, ҳавотозакун, баллонҳои оксиген ва консентраторҳо ба Ҳиндустон ва шаҳрвандони он ҳамраъйӣ нишон доданд.

Аммо худи мардуми Ҳиндустон  барои мубориза бо ин мавҷи дуввуми марговар – қадам ба қадам муттаҳид мешаванд. Аз омода кардани ғизои тезтайёр барои беморони карантинии COVID-19 то кумак ба ҷойгиркунии зарфҳои оксиген ва катҳои эҳёгарӣ барои беморони вазнинтар – қариб дар ҳама гӯшаҳои кишвар – шаҳрвандони Ҳиндустон омодаанд ба якдигар кӯмак кунанд.

Мардуми гирифтори коронавирус дар Ҳиндустон ба шарофати амалҳои хайрхоҳонае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Facebook, Instagram, Twitter ва WhatsApp, ки дар онҳо дархостҳо барои катҳои беморхонаҳо, доруворӣ, тазриқ, плазма ва оксиген зиёд мешаванд ва баъзан аз ҳад мегузаранд, наҷот меёбанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.