Абдуллозода ва муовинонаш ваксинаи “AstraZeneca” –ро гирифтанд (аксҳо)

Имрӯз, 23 март дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе  расман  маъракаи гузаронидани ваксина  бар зидди бемории коронавирус оғоз гардид.

“Дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд”,-иттилоъ медиҳад вазорати тандурустӣ.

Дар ҳузури рӯзноманигорон нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки тибқи нақша ваксинаи воридшудаи “AstraZeneca”-и бритониёӣ ба Тоҷикистон, нахуст ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм гузаронида хоҳанд шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.