Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дасту пой чаро хоб мебарад?

Хоб бурдани дасту пой, ки онро дар тиб «онемение» мегӯянд, бештар дар вақти ҳомиладорӣ миёни занон ба қайд гирифта мешавад.

Хоб бурдани дасту пой, ки онро дар тиб «онемение» мегӯянд, бештар дар вақти ҳомиладорӣ миёни занон ба қайд гирифта мешавад. Вақте дар дохили батн тифл рушд мекунад, барои ҳама узвҳои зан мушкилӣ пеш меояд. Яке аз ҳолатҳое, ки модари ояндаро нигарон мекунад, ҳисёти хуб надоштани асабҳои даст аст.  

Кай ин ҳолатро дар меъёр гуфтан мумкин аст?

Дар хотир дошта бошед, ки ин ҳолатро на ҳамеша ба ягон беморӣ рабт медиҳанд. Духтурони амрози занона тасдиқ кардаанд, ки ин ҳолат бештар ба нафароне, ки бо копюер сару кор доранд, вомехӯрад. Вале дар дигар маврид, дар натиҷаи ба таври ҳамешагӣ кор кардани дастгоҳи такяву ҳаракат ва мушакҳо масалан, баъд аз муддати дурудароз нишастан дар компютер ва мушак ҳолати карахтии ангуштон ба вуҷуд меояд.

Сабаби дигараш чист?

Агар шумо ин ҳолатро бештар эҳсос кунед, аз бемории музмине, ки дар организматон ҳаст, шаҳодат медиҳад. Агар карахтшавии даст бо доираи ангуштон ва усутхонро эҳсос кунед, метавонад аз бемориҳое, ба монандӣ  ҳама намуди диабети қанд, артрози сутунмуҳра  ва дигар бемориҳое,ки ба дастгоҳи такяву ҳаракат, вобастагӣ дорад, мебошад.

Агар дасти рост ё чапи шумо ба пуррагӣ ба ин ҳолат рӯ ба рӯ асту ҳомиладор бошед, ин аз тарзи нодурусти истеъмоли ғизо буда метавонад. Масалан, аз шумо маводҳое, ки дар таркибашон оҳан, калий, калтсий зиёд доранду онро кам истеъмол мекунед, норасоӣ дида шуда, онро камшавии миқдорӣ оҳан дар хун, яъне камхунӣ ба вуду меорад.

Шуморо зарур аст, ки ғизоҳоеро тановул намоед, ки ин моддаҳоро доро бошад ва дар якҷоягӣ бо духтур дар мувофиқа бошед. Тақрибан 70  дарсади занҳои ҳомила аз карахтии дасту пой шикоят мекунанд, ки яке аз сабабҳои он камшавии макроэлементҳои зиддисудорогӣ, ба монандӣ норасоии калий, калтсий ва магний мебошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.