ДДТТ Пажӯҳишгоҳи тиббии фундаменталӣ бунёд карданист

Дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 68-умин Конфронси солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур олимон ва ходимони сиёсии ватанӣ, меҳмонон аз  Россия, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Германия, Озарбойҷон, Украина ва Амрико ба таври онлайн иштирок намуданд.

Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат, инчунин, дар рушди илми тиб нақши калидӣ мебозад. Ҳамоиши илмии имрӯза баҳри натиҷагирии фаъолияти илмии донишгоҳ, таҳлили амиқи илмии мушкилот ва дар ин замина тарҳрезии тадқиқоти илмӣ нақши муассир мегузорад.

“Бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ ва пояи устувори моддиву техникӣ роҳандозӣ намудани тадқиқоти зарурӣ ғайриимкон аст. Вобаста ба ин роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки таҷҳизоти муосири озмоишӣ дастрас намояд. Яке аз ҳадафҳои стратегии  донишгоҳ  то соли 2025 бунёди Пажӯҳишгоҳи тиббии фундаменталӣ ба ҳисоб меравад”,-гуфт М. Гулзода.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суханронии фосилавӣ зикр намуд, ки “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии илмии олимону донишмандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Имсол ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ дар шароите доир мегардад, ки хурӯҷи пандемияи COVID-19 боиси ташвиши ҷиддии мардуми сайёра гашта, бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъда ва дарёфти ваксинаи мувофиқи он дар машҳуртарин озмоишгоҳу марказҳои эпидемиологии дунё тадқиқоти олимону профессорон идома дорад. Хушбахтона, аз рӯзи нахустини бақайдгирии  ваксинаи аввалин дар Россия ва Амрико маълумот интишор шуданд, ки ин аз қудрату тавоноии илми тибби муосир алайҳи ҳама гуна хавфу хатарҳои эпидемиологӣ гувоҳӣ медиҳад”.

Ҳамчунин, дар конфронс дастовардҳои олимони маъруфи дохил ва хориҷи кишвар ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб,  дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи  дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *