ФЕНОМЕНИ САНГИНОВ. Таҷрибаи ӯро хориҷиён меомӯзанд

Табибон аз Ӯзбекистон ва Испания барои табодули назар ва омӯзиши таҷрибаи доктори илми тиб, профессор, ҷарроҳи кафаси сина, пулмонолог, силшиноси варзидаи тоҷик Абдурасул Сангинов ба Душанбе омаданд. Рӯзи 9 август онҳо якҷо дар амалиёти усули нави ҷарроҳии шуш иштирок карданд. Он тариқи лазерӣ буда, дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина гузашт.  Чунин таҷриба бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳангоми ҷарроҳӣ гурӯҳи рӯзноманигорон, аз ҷумла хабарнигорони “Тоҷикистон” иштирок карданд. Баъд аз анҷоми ҷарроҳӣ суҳбате оростем бо Абдурасул Сангинов.

-Абдурасул Бобоевич, амалиёти ҷарроҳии қафаси сина  чӣ гуна гузашт ва дар рафти он киҳо иштирок карданд? 

— Дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки чунин ҷарроҳии шушро бо усули торакоскопия бо як сурохӣ (однопортний) амалӣ мекунем. Амалиёт бо иштироки  профессор Диего Гонсалес аз  Испания ва таҷрибаомӯзон аз Ӯзбекистон — Лутфулло Раҳмонов, Ҷамшед Исмоилов ва Шариф Раҳимӣ гузаронида шуд ва дар якҷоягӣ се ҷарроҳиро гузарондем. Аз байни 20 нафар бемор 3 нафарро, ки шароити молиявӣ надоштанд, интихоб ва  ройгон ҷарроҳӣ кардем. Ҳадафи мо омӯзиши таҷрибаи якдигар мебошад. Профессор Диего Гонсалес дар зиёда аз 120 давлати ҷаҳон амалиёти ҷарроҳии қафаси синаро гузаронида, нахустин бор бо даъвати банда ҳамчун меҳмон ба  Душанбе омадааст. 

Се нафареро, ки мо ҷарроҳӣ кардем, солҳои дароз аз дард азият мекашиданд. Як нафарашон ҳатто барои табобат ба Россия муроҷиат карда буд. Ташхисгарон бемории ӯро саратон бароварда буданд. Аммо вақте ки назди мо омад, ӯро ташхис карда, наздики 1 сол табобат кардем. Баъдан ӯро аз як сӯрохӣ ба тариқи торакоскопия ҷарроҳӣ намуда, як ҳиссаи шушро гирифта партофтем. Ин нафар ду сол боз фақат хунравӣ дошт. Табобати навбатии мо аз тарафи рост гирифтани ҳиссаи осебдидаи шуш аст. Анҷом додани ин амалиёт басо нозук аст. Ва он донишу малакаи зиёдро талаб менамояд.Ҳамин намуди амалиётро дар илми тиб  ҷарроҳии қафаси сина мегӯянд, ки аз тариқи як  сӯрохи ҷойҳои осеб дидаи шушро бо асбоби торакоскопия гирифта онро ҷарроҳи мекунем.

-Умуман, ҷарроҳии қафаси сина дар тамоми ҷаҳон амалиёти мураккаб унвон мешавад. Шумо бо кадом усул ҷарроҳӣ мекунед?

— Дар асл ин намуди амалиёт хеле  нозук буда, қафаси сина такягоҳи асосиест, ки ҳамаи узви асосии инсон вобастагӣ дорад. Бинобар ин мо бо истифодаи асбобҳои муосир, қафаси синаро накушода, тариқи он шушро ҷарроҳӣ менамоем. Инро дар илми тиб  торакоскопия меноманд.  Чунин дастгоҳро мо  пештар надоштем. Панҷ  сол пеш бо даъвати мо як гурӯҳ табибон аз Швейтсария бо роҳбарии профессор Ралф Шмит ба Душанбе омаданд. Бо ҳам  вохӯрдем. Ӯ  ҳам ҷарроҳи шинохтаи қафаси сина аст ва бо асбоби торакоскопия ҷарроҳӣ мекунад. Чанд рӯз дар Душанбе ҳамроҳ будем. Вазъи моро дида, ваъда дод, ки  ҳатман барои беҳдошти амалиётҳо як асбоби торакоскопия тақдим мекунад.  Ин дастгоҳи 400 000 доллар арзиш дорад. Ҳеҷ бовар надоштам, ки ин асбоби гаронбаҳоро ба мо дастрас мекунад. Шмит дар ваъдаи худ устувор монд. Пас аз ду сол ӯ ин дастгоҳро ба Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина оварда онро ройгон тақдим кард. Тавассути ин амали хайри як табиби хориҷӣ мо ба амалиётҳои назаррас ноил шудем. Ралф Шмит ҳар сол ба кишвари мо меояд ва дар ҳамдастӣ  чанд амалиёти ҷарроҳиро анҷом медиҳем.

— Шуш яке узвҳои асосии инсон ба шумор меравад, ҷарроҳии он  хатарзо буда, нигарониҳоро ба бор меоварад. Бигӯед, ки ин амал то куҷо бехатар аст, ки инсон солим бимонад?

— Агар шуш гирифтори  маризие бошад, онро бо роҳу усулҳои мухталиф табобат бояд намуд. Дар сурати қобилияти корияшро аз даст додан, он ҷойҳои ба маризӣ дучор шудаашро бурида гирифта партофтан зарур аст. Ин ягон хатаре надорад. Агар он дар ҳамон шакли маризияш истад, инсонро ба марг мебарад.

-Айни замон  кадом намуди ҷарроҳиро мегузаронед?

-Ҷарроҳиҳои лобэктамия, пулмонэктомия, плеврэктомия ва резексиясия, эхинакоккэктомия. Дар маҷмӯъ, аз уҳдаи тамоми ҷарроҳиҳои қафаси сина мебароем. Вале тавассути торакоскопия ҷарроҳиҳо сабук мегузаранд.

-Берун аз Тоҷикистон ҳам  амалиётҳои ҷарроҳӣ гузарондаед?

-Албатта. Бештари ҷарроҳиро дар шаҳри Санк — Петербург гузарондаам. Чунки асосан  дар ҳамин шаҳр таҳсил карда, фаъолият доштам. Бо табибони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия ҳамкорӣ дорам ва дар амалиётҳои ҷарроҳӣ ба хотири такмили дониш иштирок мекунам.

-Аз нигоҳи шумо, ҳамчун ҷарроҳ пулмонолог  иллати бемориҳои шуш кадом аст?

-Аз бронхит то сил иртибот ба шуш доранд. Сил сироятист ва тавассути ҳаво, қатрагӣ мегузарад. Боз бемориҳои ғайрисилӣ низ ҳаст. Мо як иқдоми хуб пеш гирифтем. Дар Маркази бемориҳои сил, шуш ва қафаси сина,  шуъбаи бемориҳои ҷароҳии қафаси сина ва бемориҳои шуш ғайри силӣ кушодем. Дар ин  шуъба  беморони туберкулёз нестанд. Оризаҳои дигар, хунтуфкунӣ, эхинакоки шуш ва бемориҳои булёзи мебошанд. Аксари беморони мо эхинакоки шуш ҳастанд. Ин аз сагу гурба ва ҳайвонҳо ба инсон мегузарад. Баъзеҳо гирифтори нафастангӣ мебошанд. Дар натиҷаи ҳаво гирифтани пуфакҳои шуш дар дохили он ҳаво ё хунравӣ пайдо мешавад. Агар бемор ба духтур муроҷиат накунад, ба марг рӯ ба рӯ мешавад.

Бояд бигӯям, ки на ҳар кас духтури ҷарроҳи қафаси сина шуда метавонад. Зеро ин самт  нозук ва мураккаб аст. Меҳнат, дониши бисёр ва малакаи корӣ лозим аст. Вақте ки инсон гирифтори бемории шуши эмпиема  ё гангрена мешавад,  аз димоғи ӯ бӯи бад мебарояд. Бинобар он дар назди чунин маризон кам одам меистад. Ҳатто хешу ақрабояш бошад ҳам, худро  канор мегирад. Зеро  бӯи ғализ нороҳаткунанда аст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, табибон бо парасторон нигоҳубин ва табобат мекунанд. Табобати чунин бемориҳо аз ду ҳафта то як моҳ зиёд давом мекунад. Ба ин гуна беморонро найча монда, ҳар рӯз  шушашро мешӯем. Бо ин усули табобат одамон кам тоқат мекунад.

-Бемории коронавирус асосан ба шуш таъсир мерасонад.  Огоҳ шудем, ки гирифторони зиёди коронавирусро табобат кардаед, боиси наҷотёбии садҳо нафар гаштаед. Воқеият чист?

-Аз соли 2020 вақте бемории коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ шуд, иқдом гирифтам, ки дар телефонам тариқи шабакаҳои иҷтимоии Вайбер,  Имо, Ватсап, Телеграм гурӯҳ кушоям ва ройгон ба мардуми тоҷик хизмат кунам. Онҳое, ки бароям муроҷиат мекарданд, ройгон  тавсияи табобат медодам. Аввал аз хешон ва наздиконам шурӯъ кардам. То имрӯз  ба зиёда аз 23 ҳазор нафар машварати тиббӣ додаам. Онҳо акси ренгениро мефиристоданд, барояшон рӯйихати доруҳоро пешниҳод мекардам. Хушбахтона, ягон нафар аз онҳо нафавтиданд. Ҳам ташхис ва ҳам табобат мекардам. Баъзеашон асабонӣ мешуданд, ёрии равонӣ медодам. Дар суҳбати тефонӣ ба беморон ҷузъиёти муолиҷаро мефаҳмондам.  Ҳатто аз Олмон, Россия бо ман иртибот гирифта, маслиҳати табобат мегирифтанд. То ҳол робитаро канда накардаам, барояшон ҳамеша маслиҳат медиҳам. Барои чунин кор ҳам вақт камтар сарф мешавад ва ҳам дар шароити пандемия саргардониву навбатпоӣ барои қабули пизишк ташвиши беморро камтар мекунад.

ӣ нақшаи назаргире доред?

-Дар Ҷумҳурии мутахассисони соҳаи ҷарроҳии қафаси сина каманд. Мутахассисон барои омузиши ҷарроҳии қафаси сина ба хориҷи кишвар сафар менамоянд ва чандин ҳазор маблағҳоро дар хориҷа сарф мекунанд.

Бинобар ин мехоҳам, ки дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина як Пажӯҳишгоҳи   Осиёи миёнагии илмии ҷарроҳии қафаси сина кушоем. Дар ин росто, коршиносони соҳаи тибро даъват карда, якҷо  таҷрибаи илмӣ – амалӣ гирифтанием. Бигзор ҷарроҳони мо аз Ватан берун нарафта, дар ҳамин Марказ  дониши худро такмил диҳанд.

Ҳадаф ин аст,  ки тамоми нозукиҳои ҷароҳии қафаси синаро  омӯзем. Зеро мутахассис  бояд ҳамеша дар пайи омӯзиш ва ҷорӣ кардани амалиётҳои нави табобат бошад.

Мусоҳиб Усмон РАҲИМЗОДА

Абдурасул Сангинов кист?

Абдурасул Сангинов дар хонаводаи селексионери номдори тоҷик, ихтироъкори пахтаи маҳинах, академик Бобо Сангинов, дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии тиббии тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар шаҳри Санкт- Петербург рисолаи номзадӣ (соли 2005) ва докториро (соли 2011) дар мавзӯи бемориҳои қафаси сина ва роҳҳои нафаскашӣ ҳимоя кардааст. Дар бемористонҳои бузурги Санкт- Петербург аз соли 2000 то соли 2011 дар ин соҳа таҷриба андӯхта, таҳқиқот анҷом додааст. Натиҷаи таҳқиқоти Абдурасул Сангинов дар кафедраи ҷарроҳии қафаси синаи Донишгоҳи давлатии тиббии Санкт — Петербург ба номи академик И. П. Павлов татбиқ шуда,  ба барномаҳои таълимии донишҷӯён ворид гардидааст. Соли 2007 Абдурасул Сангинов барои ҷорӣ кардани навовариҳо ва саҳм гирифтан дар пешрафти илми тибби Тоҷикистон  бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника қадрдонӣ шудааст. Дорандаи  зиёда аз 150 кори илмӣ, 3 монография, 12 дастурамал ва 5 патент мебошад. Аъзои Ҷамъияти ҷарроҳони созмони Пирогов (Санкт-Петербург),  мактаби саратоншиносон “ОШО” (Санкт-Петербург), Ҷамъияти ҷарроҳони қафаси синаи Аврупо мебошад. Дорандаи сертификатҳои ҷарроҳ, ҷарроҳи қафаси сина, саратоншинос ва пулмонолог-силшинос мебошад. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Точикистон.

Абдурасул Сангинов аз ҷумлаи беҳтарин мутахассисон дар Тоҷикистон аст, ки роҳҳои дурусти табобати «COVID 19» — ро медонад ва дар амал тадбиқ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *