Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муовини собиқи раиси парлумон аз COVID 19 шифо ёфт

Акрамшо Фелалиев, собиқ муовини раиси парлумони Тоҷикистон, ки  чанд рӯз инҷониб  мубталои бемории сирояти коронавирус буд, шифо ёфт.

Дар ин бора пайвандони Акрамшо Фелалиев хабар доданд. Гуфта мешавад, ки номбурда дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи касалиҳои сироятиии маҳаллаи Зарафшон бистарӣ буд. Бегоҳии дирӯз, 29 май ба хона баргашт.

“Ин шахсияти бузург, инсони хоксору фозилу ориф ва маърифатпарвару маданӣ, ки Худованд баряшон шифои комил ҳадя ва бар маризӣ пирӯзашон кардаанд, ба ҳамаи ёру дӯстон, бародарони хайрхоҳе, ки дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаққашон дуои нек кардаанд, изҳори миннатдориву сипосашонро арз медоранд. Алалхусус, сипосу миннатдории алоҳидаеро ба мудири шӯъбаи эҳёи касалиҳои сироятии беморхонаи маҳаллаи Зарафшон ИСЛОМОВ НУРУЛЛО ДОДОВИЧ, ки бо кордонӣ, дониши баландтарину малакаву салиқааш, бо муносибати ғамхоронаву меҳрубононааш нисбати беморон шӯҳрат ёфтааст, изҳор намуданд”, -менависад Мухаммади Султон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Маълумотнома

Акрамшо Фелалиев — олим, доктори илмҳои кишоварзӣ (2003). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2004), узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1982), ихтисос – «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: биология, генофонд ва полиморфизми дарахтҳои мевадор.

Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2010; 2010 –2020).   Номбурда зодаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ мебошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.