Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нуқсони модарзодӣ. Чӣ бояд кард, ки тифл солим ба дунё ояд?

Фарзанд меваи умри инсон аст, ки ин самари ҳастӣ на ба ҳар кас насиб мешавад. Бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафӣ ба баъзе масъалаҳо дар зиндагӣ боис мешавад, ки дар батни баъзе модарон кӯдакони носолим ва бо нуқсонҳои модарзодӣ пайдо шаванд.

Барои фаҳмидани он ки нуқсони модарзодӣ чист ва аз кадом сабабҳо пайдо мешавад, суҳбате доштем бо Соҳибҷамол Муминова, муовини менеҷер оид ба хизматрасонӣ ба модар ва кӯдаки Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ.

— Нуқсони модарзодӣ чист?

— Нуқсонҳои модарзодӣ иллату осебҳое мебошанд,  ки бинобар сабаби ихтилофи инкишофи организм, ҳангоми дар батни модар будани тифл ба вуҷуд меоянд.  Бемориҳои модарзодӣ дар умум ирсӣ ва ғайриирсӣ мешаванд.

—  Бемориҳои ирсии модарзодӣ аз бемориҳои ғайриирсӣ чӣ фарқият доранд?

— Нуқсонҳои модарзодии ирсӣ аз насл ба насл мегузаранд.

Нуқсонҳои модарзодии ғайриирсӣ бинобар таъсири омилҳои физикӣ (афканишоти ионнок), химиявӣ ва биологӣ (бемориҳои гуногуни сироятӣ), ки дар давраи ҳамл ҷой доштанд, рух медиҳанд. Таъсири ин гуна омилҳо асосан дар давраҳои хавфноки ҳамл возеҳ ба назар мерасанд. Масалан, дар давраи имплантатсия (рӯзҳои 7-12-и ҳамл), пайдоиши мабдаи узвҳо (ҳафтаи 3-6-и ҳамл), ташаккули ҳамроҳак ( моҳи 3-юми ҳамл). Зери таъсири омилҳои зиёновар мубодилаи моддаҳо, ки хоси ҳамон давраи хавфноки ҳомилагӣ мебошад, тағйир меёбад. Вобаста ба муҳлати пайдоиш гематопатия, бластопатия, эмбриопатия ва фетопатияро фарқ мекунанд. Онҳо дар навзодон дар шакли нуқси инкишофи узвҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд. Хусусан эмбриопатияе, ки вирусҳо сурхакон, табхол, гепатити В ва содатаринҳо (токсоплазмаҳо, листерияҳо), ҳамчунин, баъзе доруҳо ба вуҷуд меоранд, нисбатан вазнин ҷараён мегирад.

— Кадом омилҳо боиси пайдо шудани нуқсонҳои модарзодӣ мегарданд?

— Якум, омили генетикӣ, яъне никоҳи хешутаборӣ, ки ба паҳншавии нуқсонҳои модарзодӣ оварда мерасонад. Дуюм, омил бемориҳои сироятӣ мебошад. Агар модар ё падар дорандаи бемориҳои сироятии ситомегаловирус, вируси одии герпесӣ ё токсоплазмоз бошад, метавонад сабаби пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ гардад. Сеюм, омил ғизои модар мебошад. Норасоии йод, туршии фолат, вазни зиёд ё ин ки ҳолати диабети қанд ба якчанд нуқсонҳои модарзодӣ вобастагӣ доранд. Масалан, норасоии туршии фолат хатари таваллуди кӯдакро бо нуқси найчаи асаб зиёд мекунад.Чорум, омили экологӣ, таъсири организми модар ба моддаҳои кимиёвӣ, инчунин ба доруҳо ва риоя накардани ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Аз ин сабаб аз тамоми ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз оиладоршавӣ аввал андешаи оянда ва фарзандони солимро кунанд. Иқдоми пеш аз оиладоршавӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон ба фоидаи кор буда, сол то сол сатҳи пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ дар батни модарон кам шуда истодааст, вале то ҳол пурра бартараф нагардидааст.

— Нуқсонҳои модарзодие, ки дар ҷомеа бештар вомехӯранд кадомҳоянд?

— Нуқсонҳои модарзодие, ки дар ҷомеа бештар вомехӯранд инҳоянд:

1. Нуқсони модарзодии системаи асаб;

2. Нуқсони модарзодии дил;

3. Чураи ҳароммағз;

4. Атрезияи сурхрӯда;

5. Атрезияи сӯрохии маъбад;

6. Синдроми дауна.

— Барои пешгирии нуқсонҳои модарзодӣ чӣ метавон кард?

— Бо мақсади пешгирии бемориҳои модарзодӣ таъсири омилҳои зиёноварро ба организми занҳои ҳомила бартараф кардан лозим аст. Табибони тибби оилавӣ ва табибони амрози занона ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки сатҳу сифати хуби хизматрасонӣ барои аҳолӣ хуб ба роҳ монанд.  Корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ва скринингҳои давраӣ, ки дар байни занҳои ҳомиладор гузаронда мешавад, ба хотири дарёфт намудани нуқсонҳои модарзодӣ ва сари вақт қатъ намудани ҳомиладорӣ равона мегардад.

Мусоҳиб Ҷовидон Раҳмоналиев

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.