Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пешниҳод: Ду ҳафта карантин эълон кунед!

Ба Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода

Имрӯз аз тамоми манотиқи Тоҷикистон, махсусан шаҳри Душанбе бештар сироят ёфтани мардумро аз  коронавирус мешунавем.  Марг ҳам кам нест, ки дар байнашон шахсиятҳои кишваранд. Ин хабарҳои нохуш ҳар лаҳза дили мо, сокинонро тира мегардонад.

Дар робита ба ин, ба Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода чанд пешниҳод дорем, ки агар қобили қабул донанд, ба манфиат хоҳад буд.

Якум, дари тарабхона, ошхона, бозорҳо ва умуман марказҳои хизматрасонӣ, ки кормандонаш  агар ваксинаи зидди коронавирусро нагирифта бошанд, муваққатан баста шавад. Зеро маҳз дар ҳамин  маконҳо анбуҳи зиёди одамон ҷамъ меоянд.

Дуюм, дар саросари Тоҷикистон ду ҳафта карантин эълон карда шавад то тамоми ҷодаҳо бо маҳлулҳои зиддивирусӣ  поккорӣ карда шавад ва хуб ба ёд дорем, соли 2020, авҷи бемории коронавирус дар Тоҷикистонро. Тамоми маконҳои Тоҷикистон аз маҳлулҳо тозакорӣ мешуданд ва дар як муддати кутоҳ мавҷи ин беморӣ паст шуд.  Ҳоло, ки хуруҷи ин беморӣ авҷ дорад, чаро беҳавсалагӣ кунем?

Мо аз иддаи сокинони шаҳру навоҳӣ низ сари гила ҳастем, ки қоидаҳои оддиро риоя намекунанд. Ниқоб намебанданд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода намекунанд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд.

Дар пеш ҷашнҳои зиёд, аз ҷумла 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Беҳтар аст, ки илоҷи воқеа пеш вуқуъ сурат гирад.

Гуруҳи  сокинон аз шаҳри Душанбе 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.