Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

СИЛ: Беморие, ки нишонаҳояш ба коронавирус монанд аст

На ҳама гирифторони сил дар мавриди сироят ва табобати ин беморӣ маълумоти кофӣ доранд. Бинобар ин, бисёриҳо табобати дурусту дақиқ нагирифта, дурудароз аз ин беморӣ азият мекашанд. Бо мақсади равшанӣ андохтан оид ба сироят ва табобати ин беморӣ  бо силшинос Исмоил Аскаров ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

-Сил чӣ гуна беморӣ мебошад? Оё он табобатшаванда аст?

-Сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил (чӯбчамикроби “Кох”) мебошад. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо дар 80-85 фоизи ҳолатҳо дар шуш хурӯҷ мекунад. Бояд гуфт, ки сил табобатшаванда аст, ба шарте ки бемор табобати дурусту саривақтиро қабул кунад, табобат бетанаффус бошад (на камтар аз 6-8 моҳро ташкил диҳад).

-Бемории сил чӣ тавр сироят мекунад ва аломатҳояш чӣ гуна аст?

-Бемории силро шахси гирифтори сили фаъоли шуш, ки хориҷкунандаи микроб аст, паҳн мекунад. Ҳангоми сулфа, атса ва ҳатто гапзании шахси бемор барангезандаи бемории сил ба ҳавои атроф паҳн мешавад.

Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфа зиёда аз 2 ҳафта (бо балғам ва баъзан бо хун), дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, камшавии вазни бадан, пастшавии иштиҳо, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд.

-Роҳҳои пешгирии ин беморӣ кадом аст?

-Муҳимтарин воситаи пешгирӣ – ин дарёфти саривақтии беморӣ ва таъмини пурраи муҳлати табобат мебошад, зеро баъди қабул кардани табобати бонизоми бемор барои атрофиён бехатар мегардад. 

-Нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку ба шуш ва бемории сил чӣ таъсир дорад?

— Тамоку дар таркибаш никотин ва металлҳои вазнин дорад, ки ҳатто ба фаъолияти шуши солим низ зиён мерасонад. Бинобар ин, тамокукашӣ кори шушҳои бе ин ҳам аз сил осебдидаро якбора бадтар мегардонад. Ҳамин тавр, нӯшокии спиртӣ ва тамоку раванди бемориро вазнинтар мегардонад ва шифоёбии бемор тӯл мекашад.

-Нафари бемор чӣ қадар бояд табобат гирад? Оё бемории сил дубора хурӯҷ мекунад?

-Бояд гуфт, ки муҳлати табобати бемории сил ба категорияҳо ҷудо мешавад, шакли мутобиқгаштаи сили курси пурра аз 9 то 12 моҳ ва шакли ҳассос аз 6 то 8 моҳ мебошад. Ин ҳамааш аз рӯи нақшаи муайян пешниҳод мешавад, ки айни замон “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил солҳои 2021-2025” амал мекунад.

Баъди аз бемории сил пурра табобат ёфтан аз сари нав бемор шудан эҳтимол дорад. Чунки баъди бемории сил иммунитети мустаҳками якумра, ки баъди баъзе бемориҳо ба монанди сурхакон ва кабудсулфа ба вуҷуд меояд, пайдо намешавад. Ҳамчунин, бемороне, ки табобатро пурра намегиранд ва гоҳ-гоҳ доруҳоро истеъмол мекунанд, бемориашон метавонад дубора хурӯҷ кунад.

-Зани ҳомилае, ки гирифтори бемории сил аст, истифодаи дорувории зиддисилӣ иҷозат аст? Агар зан кӯдаки ширмак дошта бошад, табобат гирифта метавонад?

-Доруҳои зиддисилӣ ғайр аз стрептомистин ба тифли батн ягон таъсири манфӣ надорад ва ба зани ҳомила низ ягон зиён намерасонанд, аз ин рӯ, бемамоният метавонанд истифода шаванд. Агар зан кӯдаки ширмак дошта бошад, дар ин вақт кӯдакро аз сина ҷудо мекунанд, зеро доруҳои истеъмолгардида дар ғадуди ширӣ ҷудо мешавад ва метавонад ба тифл зарар расонад.

-Ҳангоми бемории сил алоқаи ҷинсӣ кардан мумкин аст?

-Дар ин вақт аз алоқаи ҷинсӣ кардан худдорӣ намудан лозим аст, зеро шахси бемор метавонад ҳамбистарашро ба бемории сил дучор кунад. Баъди 2-3 моҳи табобати бонизом, шумо барои атрофиён бахатаред ва зарурати худдорӣ кардан аз алоқаи ҷинсӣ аз байн меравад. 

-Табобати бемории сил чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, оё он пулакӣ аст?

-Табобати зиддисилӣ бо ёрдами шарикони олмонӣ аз рӯйи нақшаи муайян ва тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст. Ҳама доруҳои зиддисилӣ барои тамоми муҳлати табобат ройгон (бе пул) дода мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.