Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Солимии дандон. Чӣ гуна онро бояд нигоҳ дошт?

Дар Тоҷикистон аз як тараф, бо сабаби гаронии нархи табобати дандон ва аз тарафи дигар, бо иллати таваҷҷуҳи кам ба дандонҳо бисёр одамон, ҳатто дар синни ҷавонӣ аз чанд дандони худ маҳрум мемонанд.

Барои пешгирӣ намудан аз пӯсидану шикастан ва бемор шудани дандон чӣ бояд кард? Барои машварат мо ба сардухтури Маркази саломатии деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода, Шералӣ Иноятов муроҷиат намудем.

— Муҳтарам Шералӣ Иноятов, роҳи асосии пешгирӣ кардани бемориҳои дандон кадом аст?

— Роҳи асосии пешгирӣ кардани бемориҳои дандон, пеш аз ҳама, риоя намудан ба гигиенаи тозагии дандонҳо, пок нигоҳ доштани дандону даҳон ва ҳамчунин, поксозии иловагии дандон бо ёрии духтури дандон мебошад. Барои солиму зебо нигоҳ доштани дандон бояд аз синни кӯдакӣ ба тозагии дандонҳо аҳамият дод. Кӯдакон аз синни 4- сола сар карда, аз шётка ва хамираи дандоншӯии барои синну солашон мувофиқ бояд истифода баранд. Яъне, калиди саломатии дандон ва ба ин тариқ, ҷилавгирӣ намудан аз бемориҳои дигар — ин шустан ва пок нигоҳ доштани дандону даҳон мебошад. Инчунин, тавассути тор ё риштаи махсус ҳатман баъд аз таомули хӯрок  боқимондаи он аз қабати дандонҳо берун карда шавад.

— Барои шустани дандон бояд аз кадом намуди шёткаҳо истифода бурд?

— Беҳтар аст, ки аз шёткаи торҳояш мулоим барои шустани дандон истифода баред. Он ҳам барои дандон хуб аст ва ҳам барои милки он. Агар шумо дандонро бо шёткаи сахт бишўед, торҳои он ба милк  ва ба худи дандон зарар мерасонанд.

— Барои тафтиши одӣ соле чанд маротиба бояд ба табиби дандон муроҷиат намуд?

— Асосан ду беморӣ сабаби нобуд шудани дандон мегардад: якум, пӯсидани дандон ва дуюм, маризии милки дандон. Барои сиҳат ва солим нигоҳ доштани дандон бояд ҳар 6 моҳ 1 маротиба ба табиби дандон муроҷиат намуд. Яъне, соле ду маротиба.

— Бисёре аз нафарон дандони ақлро дар вақти баромадан канда мепартоянд. Оё ин амал дуруст аст?

— Дандонҳои ақл тақрибан ҳеҷ гоҳ пурра аз милк берун намешаванд.Онҳо дар газидану хӯрдани хӯрок низ ягон нақш намебозанд. Қисмате, ки дар дохили устухон мемонад, боиси мушкилот, масалан, боиси ҷамъ шудани бактерияҳо шуда, ба  устухони манаҳ зарар мерасонанд.Аз ин рӯ, кандани дандонҳои ақл ягон зарар надорад.

— Ташаккури зиёд, барои шарҳи муфассал.

— Саломат бошед.

Мусоҳиб: Қурбоной Муқимова, донишҷӯи курси сеюми факултети журналистикаи ДМТ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.