Тоҷикбачаро 12 сол суд карданд

Додгоҳи шаҳри Тюмен Ҳасанбой Нишонов, як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ба ҷурми қасди таҷовузи кӯдаки 8-сола барои 12 сол равонаи зиндони низомаш сахт намудааст. Нишонов, ки бо нишондоди зани солхӯрдае боздошт шудааст, ин иттиҳомро туҳмат мехонад.

Олга Малкова, айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, дар бораи ҷавони шубҳанок ба пулис як зани солхӯрда 6 сентябр хабар додааст ва Нишонов худи он рӯз боздошт гардидааст: “Ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми боздошт ҳеҷ санаде надошта дар телефонаш суҳбатҳои маҳрамона бо духтари 8-сола мушоҳида шудааст.

Ҳасанбой Нишонов чанд муддат пеш ба хонаи хешовандони худ ба Тюмен рафта дар як сохтмон, воқеъ дар хиёбони Заречний посбон будааст. Надежда, духтари 8-сола дар бозпурсӣ гуфтааст, ки бо Нишонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат кардааст. Ба гуфтаи ин кӯдаки 8-сола Ҳасанбой аз ӯ хостааст, ки суруд хонад ва баъдан ҳаракатҳои шаҳвонӣ мекардааст”.
Нишонов мегӯяд вай дар Тоҷикистон ҷиянчаи 8- сола дорад ва бо Надежда ҳамчун бо хеши худаш муносибат намуда, ягон андешаю нияти бад надошт. Аз рӯйи суханони ӯ кӯдакони маҳалла барои тамошои навори дастгоҳҳои назоратӣ гоҳ-гоҳ ба утоқи посбон медаромадаанд, аз ҷумла Надя низ 6-7 маротиба ба ҷойи кораш ворид шудааст, вале байни онҳо ягон хел муносибати маҳрамона набуд.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *